Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп

10.02.2017 17:15, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, 

Сарфарозам ба муносибати фарорасии санаи хотирмон дар таърихи муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка – 25-мин солгарди  барпо намудани  робитаҳои дипломатӣ – ба  Шумо табрикоти самимии хешро бифиристам.

Тоҷикистон Штатҳои Муттаҳидаи Америкаро, ки яке аз аввалинҳо   соҳибихтиёрии давлати моро  эътироф намуд,  шарики  муҳимми худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.

Мо аз раванди рушду таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории васеи кишварҳоямон, ки имрӯз фарогири соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла арсаҳои сиёсию иқтисодӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва амниятию низомӣ мебошанд, изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамоем.

Омодаем, ки ҷиҳати густариши бемайлони муносиботи кишварҳоямон ва ғанӣ гардондани мазмуну муҳтавои онҳо дар минбаъда низ иқдомҳои амалии муштаракро ба роҳ андозем. 

Бо ибрози таманниёти беҳтарин, ба ҷаноби Президент сиҳатии комил ва пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Америка пешрафту шукуфоӣ орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520