18 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз маҷлиси ботантана ба муносибати 50-солагии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳои намояндагии Академияҳои улуми давлатҳои ИДМ, Ветнам ва Муғулистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ мулоқот намуд.