Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

17.02.2017 18:46, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзоёни Шӯрои амният, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, роҳбарият ва масъулони дигар вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.

Сарвари давлат, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласа фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакатро дар роҳи таъмини амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва мубориза ба муқобили ҷинояту ҷинояткориҳо натиҷагирӣ намуда, аз тадбирҳои муваффақ ва мавҷудияти як қатор камбудию норасоиҳо дар ин самт ёдовар шуданд.

Дар ҷаласа ба таври муфассал масъалаҳои вобаста ба фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат дар соли 2016 баррасӣ шуда, нақшаи тадбирҳои навбатию иловагӣ дар ин самт барои соли 2017 тарҳрезӣ ва мушаххас гардиданд.

Доир ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, фармондеҳони Гвардияи миллӣ ва Қушунҳои сарҳадӣ Бобоҷон Ҷамолзода ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Шерхон Салимзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ва дигарон шунида шуд.

 Таъкид гардид, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва афзоиши хатари равияҳои террористӣ, экстремизми диниву сиёсӣ ва фаъолияти тахрибкоронаи онҳо аз ҳар роҳбари ниҳоду сохторҳои низомию ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва кормандони қатории онҳо ҳисси баланд ва масъулияти бузурги ватандӯстию хештаншиносиро тақозо менамояд.

Барои муқовимати фаъол нишон додан ба кирдорҳои коррупсионӣ, пешгирии амалҳои ношоям дар ин самт, тақвияти муборизаи беамон бар зидди он ва таъмини амнияти иқтисодии давлат зарурияти таҳия ва андешидани чорабиниҳои иловагӣ талаб карда шуд.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин, суистифода аз мансаб, риояи қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани ҷавонон, иштироки онҳо дар низоъҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар муноқишаҳои давлати Сурия, узвияти ҷавонону наврасон дар созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ, таълиму тадриси ҷавонон дар мактабҳои ғайриқонунии динии кишварҳои хориҷӣ, фаъолияти ғайрирасмии масҷид ва дигар муассаҳои динӣ, ҳолатҳои даст ба ҷиноят задании ҷавонону наврасон дар муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, инчунин сатҳи пасти корҳои тарбиявию тарғиботӣ дар ҷузъу томҳои низомӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳбарони сохторҳои марбута ҷиҳати тақвият бахшидани тадбирҳо барои бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар ин самт вазифадор гардиданд.

Бо ёдоварӣ аз зуҳуроти амалҳои террористию экстремистӣ авзои зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон, таҳаввулоту ҳодисаҳои минтақаҳои гуногуни олам ва афзоиши ҷиноятҳои муташаккил Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омодагии доимӣ ва муқовимати шадид дар мубориза бар зидди ҳар гуна амалу ҳодисаҳои номатлуби ҷаҳони муосир масъулони дахлдорро вазифадор намуданд.

Дастуру супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба пурзӯр намудани қудрати мудофиавии давлат, ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, тақвият бахшидани ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марзу буми кишвар, кормандони мақомоти судӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дода шуд.

Барои бартарафсозии камбудию норасоиҳои мавҷуда ва андешидани тадбирҳои ҷиддию саривақтӣ дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, афзоиши ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, таъмини амнияти иншооти гуногун ва аҳолӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва пешгирию бартарафсозии оқибатҳои ногувори ҳодисаҳои табиӣ роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот вазифадор карда шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520