Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ

18.02.2017 10:34, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар суҳбати самимию созанда муҳимтарин масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар асоси эътимоду боварии мутақобила ба роҳ монда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре таъкид, гардид зиёда аз 80 санад пояҳои ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои байнидавлатиро ташкил дода, робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, амнияту мудофиа, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, илму маориф ва фарҳанг дар сатҳу сифати барои ҷонибҳо манфиатбахш идома дода мешавад.

Омодагию ҳавасмандии зиёд барои вусъати ҳамкориҳои минтақавӣ аз ҷумла иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавии бунёди роҳҳои оҳан ва хаттҳои интиқоли неруи барқ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо барои ба сатҳу сифати беҳтару хубтар расонидани ҳамкориҳо зарурияти тақвият бахшидани кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ ва рушду тавсеаи бештари ҳамкорӣ байни вилоятҳо ва ноҳияҳои сарҳадии ду давлатро таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили таҳкими ҳамгироӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва масъалаҳои вобаста ба ҳифзи сарҳади давлатӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520