Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

22.02.2017 12:15, шаҳри Душанбе

Рафиқон генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозон!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шумо ва тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, мардуми шарифи кишварро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ самимона табрик мегӯям.

Бо ифтихор иброз медорам, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлолияти давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Аз ҷумла, ба шарофати хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат соли гузашта, ки барои мо соли воқеан таърихӣ ба шумор меравад, чорабиниҳои муҳимтарини сиёсӣ – биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба бахтномаи миллат - Конститутсия дар фазои суботу амният ва орому осуда баргузор шуданд.

Бо истифода аз фурсат, ба тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бори дигар изҳори сипос менамоям.

Артиши миллии Тоҷикистон, ки бисту чор сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шуд, ҳанӯз аз солҳои нахустин аз имтиҳону озмоишҳои шадиди он айём гузашт ва тадриҷан ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи боэътимоди сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфт.

Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ба бунёд ва таҷдиду азнавсозии инфрасохтор, инчунин, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.

Бояд гуфт, ки мавҷудияти хатти сарҳад яке аз нишонаҳои муҳимтарини давлати соҳибистиқлол буда, ҳар як кишвари мустақил марзҳои худро ҳамчун рамзи муқаддаси миллӣ ва ҷузъи асосии давлатдорӣ ҳифзу нигаҳбонӣ менамояд.

Бинобар ин, соли 1994 бо вуҷуди вазъи ниҳоят сангину номусоиди сиёсиву иҷтимоӣ ва имкониятҳои маҳдуди иқтисодӣ мо дар баробари Артиши миллӣ сохторҳои ҳифзи сарҳадро низ таъсис додем.

Бо гузашти солҳо, Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун сохтори алоҳидаи низомӣ дар таъмини дахлнопазирии сарҳади давлатӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёриву амнияти кишвар, ҳаёти осудаи мардум ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти мамлакат обутоб ёфта, бо дастгирии давлату Ҳукумати Тоҷикистон заминаҳои моддиву техникии онҳо таҳким бахшида шуданд ва масъалаҳои таъминоти қӯшунҳо бо шароити зарурии кору хизмат ва мутахассисони баландихтисоси низомӣ марҳала ба марҳала ҳаллу фасл гардиданд.

Афсарон ва сарбозони муҳтарам!

Тавре дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар зикр намудам, бо дарназардошти вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон зарур аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини суботу амният, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат тақвият бахшида, ҳар як корманди ин сохтору мақомот вазифаҳои хизматиашро бо масъулияти баланд ва содиқона ба иҷро расонад.

Аз ин лиҳоз, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ вазифадор аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбӣ, омодабошии ҷангӣ ва обутоби ҷисмониву маънавӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намояд.

Хотирнишон месозам, ки шумо, афсарону сарбозони шуҷои кишвар, хусусан, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиатон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошед ва ҳаргиз фаромӯш накунед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.

Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои шумо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.

Ҳукумати кишвар заҳмату ҷасорат ва фидокориву матонати ҳомиёни содиқи Ватанро ҳамеша қадрдонӣ карда, дар баробари дигар дастгириҳо то имрӯз садҳо нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадиро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ сарфароз гардонидааст.

Дар натиҷаи ғамхориҳои доимии роҳбарияти давлат сатҳи таъминоти моддиву техникӣ ва шароити иҷтимоии хизматчиёни низомӣ сол то сол беҳтар шуда истодааст.

Танҳо дар зарфи солҳои охир ҳазорон оилаи хизматчиёни ҳарбии сохтору мақомоти гуногуни ҳарбӣ бо хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд ва Ҳукумати мамлакат кӯшиш дорад, ки ин равандро минбаъд низ идома бахшад.

Ғайр аз ин, Ҳукумати мамлакат дар доираи ислоҳот ва навсозии Қувваҳои Мусаллаҳ сохтмони иншооти нав ва таъмиру таҷдиди инфрасохтори мавҷударо, аз ҷумла барои Қӯшунҳои сарҳадӣ вусъат дода, ҷиҳати ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани ҳимояи марзҳои давлатӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Танҳо дар зарфи солҳои охир барои Қӯшунҳои сарҳадӣ 29 дидбонгоҳу хонаҳои бисёрошёна сохта, ба истифода супорида шудааст ва бунёди боз 28 иншооти дигар идома дорад.

Таъмиру азнавсозии Маркази таълимии имрӯза далели равшани ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва таҳкими низоми ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад.

Тавре ки мо имрӯз дидем, маркази таълимӣ аз лиҳози таъминот бо таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ ва шароити моддиву маишӣ ба яке аз беҳтарин қисмҳои ҳарбии кишвар табдил ёфтааст.

Дар маркази таълимӣ коргоҳи дӯзандагӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, дар ин ҷо истеҳсоли сарулибос ва дигар эҳтиёҷоти Қӯшунҳои сарҳадӣ ба роҳ монда шудааст.

Кохи фарҳанг, ки ҳоло мо дар он қарор дорем, барои 500 нафар пешбинӣ гардидааст.

 Ғайр аз ин, марказҳои радиолокатсионӣ ва таълими компютерӣ бо таҷҳизоти ҷавобгӯ ба талаботи технологияҳои муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳ, бо таҷҳизоту техникаи замонавӣ ва муҳиммоти ҷангӣ таъмин кардани воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ, яъне фароҳам овардани тамоми шароити ҳозиразамон барои фаъолияти самараноки Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ чораҷӯӣ хоҳад кард.

Ҳозирини арҷманд!

Ҳимояи неъматҳои муқаддасу бузургтарин - озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимми ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ, дар навбати аввал, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.

Дар ин раванд фаромӯш набояд кард, ки таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм сарҳад надоранд.

Вобаста ба ин, имрӯз дар назди ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ вазифаҳои басо душвору масъулиятнок гузошта шудаанд.

Аз ин рӯ, фармондеҳону роҳбарони ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои сохтории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки фаъолияти худро дар доираи қонунҳои амалкунанда, амру фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва ойинномаҳои ҳарбӣ тақвият бахшида, ҷиҳати риояи ҳатмии интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштан ва такмил додани маҳорату малакаи касбии сарбозону афсарон, омодабошии ҷангӣ, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани техникаву таҷҳизоти низомӣ ва таъминоти ақибгоҳ бо маводу маҳсулоти зарурӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, бояд сатҳу сифати машғулиятҳои омӯзишӣ, дониши касбиву сиёсӣ, машқҳои мунтазами тактикӣ, чорабиниҳои дорои аҳаммияти давлативу ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳад, иншооти муҳимми стратегӣ ва омодагии доимӣ ҷиҳати пешгириву бартарафсозии ҳар гуна амалҳои тахрибкорона ва ҷиноятҳои муташаккил баланд бардошта шавад.

Зарур аст, ки тарбия кардан ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, талабот нисбат ба афсарону сарбозон, махсусан, дар самти кор бо наваскарон пурзӯр карда шуда, ба ташаккули сифатҳои ахлоқиву равонӣ, машғулиятҳои омӯзишиву амалӣ, обутоби маънавию ҷисмонӣ, итоати бечунучаро ба қонун ва ойинномаҳои ҳарбӣ, риояи қатъии интизом ва тартиботи ҳуқуқӣ бо дарназардошти «Консепсияи корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ» эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд аз таърихи ибратомӯзи миллати сарбаланду сулҳпарвар, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи ҷоннисориву мардонагӣ гиранд.

Ҳар як ҳомии марзу буми Ватан бояд дар хотир дошта бошад, ки фарзандони далеру шуҷои аҷдоди шарафманди мо дар ҳама давру замонҳо бо ҷасорату матонат ва эҳсоси баланди ватандӯстиву адолатхоҳӣ шаъну эътибори миллати худро ҳифз намудаанд.

Бинобар ин, ба роҳбарияти вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохтору мақомоти ҳарбӣ зарур аст, ки илова ба тадбирҳои то имрӯз андешидашуда, бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ҳайати шахсӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои олии давлату миллат, тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддуни миллӣ ва донистани таърихи ниёгон мунтазам чорабиниҳои фарҳангиву тарбиявиро баргузор намоянд.

Зеро дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла дар Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти корҳои тарбиявию маърифатӣ, пешгирӣ намудани содиршавии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, риояи бечунучарои ойинномаҳои ҳарбӣ ва дуруст ба роҳ мондани омӯзиши қонунҳои амалкунанда баъзе камбудиву мушкилот вуҷуд доранд.

Чанд рӯз пештар, ман дар ҷаласаи Шӯрои амният камбудиву норасоиҳои дар фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷойдоштаро таъкид кардам ва ҳоло бори дигар хотирнишон месозам, ки ба хотири таҳкими амнияти мудофиавӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва иҷрои дигар вазифаҳои дар назди сохторҳои низомӣ гузошташуда камбудиву мушкилоти мавҷуда ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.

Аз ин хотир, роҳбарияти вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва дигар сохтору мақомоти низомиро зарур аст, ки ба иҷрои дастурҳои додашуда ҷиддӣ муносибат карда, иҷрои ҳатмии онҳоро таъмин намоянд.

Низоми корҳои тарбиявӣ бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо риояи интизоми қатъӣ ва маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ тарбият ёфта, дарк намоянд, ки артиш симои миллат ва шарти муҳимтарини пойдории давлат мебошад.

Ҳомиёни шуҷои Ватан!

Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад.

Ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад.

Итминони комил дорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ анъанаҳои шоистаи Ватан ва миллатро идома дода, бо интизоми намунавӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстиву садоқат ба савганди ҳарбӣ ҳимояи Ватани азизамон ва марзу буми муқаддаси онро минбаъд низ сарбаландона таъмин хоҳанд кард.

Ҳамаи шумо, родмардони миллат ва муҳофизони сулҳу ваҳдатро бори дигар ба ифтихори фарорасии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар адои хизмати софдилонаву садоқатмандона ва иҷрои вазифаю уҳдадориҳои ҳарбӣ тандурустиву пирӯзӣ, сарбаландӣ ва рӯҳи матину иродаи қавӣ орзу менамоям.

Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд ва комёб бошед, ҳомиёни содиқи Ватан!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520