Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.02.2017 10:25, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҳукумат нахуст ҳисоботи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2017 ва таҳлилу амалисозии бандҳои алоҳидаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукмати мамлакатро барои истифодаи оқилонаи замин, пешгирии ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ дар истифода ва тақсимоти он ҷалб сохта, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар ин соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар идомаи маҷлис аъзои ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” – ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шуд.

Дар кори маҷлис инчунин лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020, Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019, Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо барои солҳои 2017-2020, Дар бораи Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос ва Стандарти давлатии докторантура аз рӯйи ихтисос, Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аъзои ҳукумат ва роҳбарони дигар мақомоти марказии давлатӣ таъмини иҷрои бетаъхири масъалаҳои дар кори маҷлис баррасишударо тақозо намуда, ба онҳо ҷиҳати мусоидат ба иҷрои муқаррароти Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳким бахшидани корҳои тарғиботу ташфиқотӣ доир ба пешгирӣ аз оқибатҳои маргбори ин беморӣ, ки ба солимии ҷомеа ҳатари ҷиддӣ дорад, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 Дастуру супоришҳои дигар ҳамчунин барои тақвият бахшидани тадбирҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулода, таҳким бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, саривақт бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва расонидани кӯмакҳои ҳамаҷониба ба аҳолии зарардида дода шуд.

 Барои таъмини иҷро ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», назорати нархи маҳсулот дар бозорҳои мамлакат, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани маъракаи кишту кори баҳорӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ба истиқболи ҷашну маъракаҳои муҳими ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аъзои Ҳукумат ва дигар масъулони дахлдор вазифадор карда шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520