Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ

27.02.2017 18:22, шаҳри Душанбе

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин 27 феврали соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овард.

Сарони давлатҳо зимни гуфтушунидҳои дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми комил доиргардида, қайд намуданд, ки дар давраи 25 соли муќаррар гардидани муносибатҳои дипломатӣ, давлатҳои мо ҷиҳати таъсиси системаи устувору фарогири шарикии стратегї ва иттифоқии дуҷониба дар асоси эҳтироми соҳибихтиёрии давлатӣ ва тамомияти арзӣ, ҳусни эътимоду ошкоро ва ҳамкории мутақобилан судманд комёб гардиданд.

Президентҳо сатҳи устувору мусбати ҳамкориҳои Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорию иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ бо қаноатмандӣ ќайд намуда, ҷонибдории тағийрнопазири худро ба усулу ӯҳдадориҳои дар Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии њамдигарии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 25 майи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқии ба асри XXI нигаронидашуда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 16 апрели соли 1999 асосёфта, тасдиқ карданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ба таҳкими муколамаи сиёсӣ тасдиқ карда, роҳҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Россия ва ҳамкориҳоро оид ба масоили муҳимтарини байналмилалї муайян намуданд. Аҳамияти муҳими рушди робитаҳои байнипарламентӣ тасдиқ гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки мақомоти олии қонунгузори ҳарду кишвар саҳми муассирро дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судманди миёни Тоҷикистону Россияи идома хоҳанд дод.

Масъалаҳои муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ карда, Президентҳо аҳамияти авлавиятноки ҳамкориҳоро дар ин соҳа таъкид намуданд ва саъю кӯшиши минбаъдаро ҷиҳати тавсеаи он бо назардошти манфиати Тарафҳоро иброз намуданд. Манфиатдории мутақобила ҷиҳати афзоиши ҳаҷми савдои мутаќобила, рушди ҳамкориҳои иқтисодии дарозмуддат ва таъмиќи соњаи сармоягузории байни Тоҷикистону Россия зикр гардид.

Дар ин замина, Президентҳо аз натиҷаи кори ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар ш. Душанбе баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ карданд. Омодагии ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ, ки ба фаъол кардани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия, нерӯи барқӣ ва маҷмӯи саноати кишоварзӣ равона шудааст, изҳор гардид.

Тарафҳо аҳамияти фаъол кардани равандҳои ҳамгироиро дар минтақа, тавассути истифодаи ҳамаи имконоти минтақаи савдои озоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъкид намуданд.

Сарони давлатҳо ният доранд ба самаранокии иҷрои барномаҳои қабулшудаи ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд. Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи истифодаи сарчашмаҳои энергияи барқароршаванда, аз ҷумла гидроэнергетика, яке аз самтҳои шарикии стратегии байни ду давлат мебошад. Ҷониби Россия ҷиҳати ҳамкории минбаъда бо љониби Тоҷикистон дар татбиқи иқтидори гидроэнергетикии он, бо назардошти талаботи афзояндаи кишварҳои минтақа ба нерӯи барқ ҳавасмандӣ изҳор намуд.

Ҷонибҳо имконияти афзун додани содироти нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшавандаро бо назардошти талаботи бозори энергетикии минтаќа баррасӣ мекунанд.

Ҷонибҳо бањри ҳавасмандсозии њамаљонибаи фаъолияти сармоягузорӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки босамара, идомаи такмили шароит барои фаъолияти сармоягузорони Тоҷикистону Россия, андешидани тадбирҳои амалӣ барои роҳандозии оқилонаи технологияњои муосир ва навсозии технологияњои мавҷуда, аз ҷумла тавассути татбиқи лоиҳаҳои соҳаи истихроҷи маъданњои кӯҳию металлургї ва сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ, соњањои истењсолоти кишоварзӣ ва логистї ба мувофиқа расиданд.

Сарони давлатҳо таъкид карданд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсияи нақлиётӣ, аз ҷумла алоқаи ҳавоӣ, роҳҳои оҳан ва автомобилгард яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба мањсуб меёбад.

Манфиатдории муштарак ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию гуманитарӣ миёни минтақаҳо ба сифати шакли самараноки таҳкими муносибатҳои тарафайн дар таъмини шароити зарурӣ барои рушди робитаҳои мустақим байни субъектҳои хоҷагидорӣ изҳор гардид. Дар баробари ин, аҳамияти форум ва конференсияҳои баргузоршуда оид ба ҳамкории байниминтақавӣ, инчунин, фаъолияти Шӯрои Соҳибкорї оид ба њамкори соли 2016 таъсисёфта зикр гардид.

Омодагии тарафайн ҷиҳати ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла марбут ба офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ, инчунин бартарафсозии оқибатҳои он, таъкид гардид. Ҷониби Тоҷикистон аз тасмимњои собитнамудаи мардуми Россия ҷиҳати расонидани кӯмакњои башардўстона ба мардуми бародари Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Ќайд гардид, ки љиҳати таъмиқи ҳамкориҳо дар масъалаҳои такмили механизмҳои ҳуқуқии танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла оид ба таъмини шароити зарурии иҷтимоӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави якдигар, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият дар Федератсияи Россия, мубодилаи фаврии иттилоотӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират чораҳои мушаххас андешида хоҳанд шуд.

Тарафҳо зарфиятҳои бузурги таърихию фарҳангӣ, мероси ғании маънавии мардумони Тоҷикистону Россияро зикр намуда, густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои маориф, илму техника, санъат ва фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ минбаъд низ идома медиҳанд, ба роҳандозии робитаҳо дар он соҳаҳо фаъолона мусоидат мекунанд.

Тарафҳо барои рушди забону фарҳанги русӣ дар Тоҷикистон ва фарҳанги тоҷикӣ дар Россия ва баргузории вохӯриҳои мунтазам байни намояндагони соҳаи илм ва доираҳои љамъиятї мусоидат намуда, ҷиҳати ҳавасмандии ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимии олӣ ва илмию таҳқиқотии ду кишвар иқдом мегиранд.

Тарафҳо густариши робитаҳои фарҳангӣ, тайёр кардан ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кадрҳои соҳавӣ, иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии якдигар, гузаронидани чорабиниҳои омӯзишии устодони аршад, инчунин баргузории рӯзҳои фарҳангиро дар кишварҳои якдигар пазирої менамоянд. Ифтитоҳи бахши Маркази илмию фарњангии Россия дар шаҳри Хуҷанд баҳри таҳкими минбаъдаи ҳамкории Тарафҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф мусоидат хоҳад кард.

Оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. Сарони давлатҳо кӯшишҳои тарафайнро ҷиҳати мусоидат ба таҳкими сулҳ, амният ва субот дар миқёси минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид карданд.

Президентҳо вазъиятро дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳокима намуда, аҳамияти мусоидатро ба он кишвар дар таъмини субот ва рушди минбаъда таъкид карданд. Тарафҳо ҳамоҳанг намудани амалњоро љињати мањви таҳдидҳои нисбати амнияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз самти љануб эљодшаванда идома медиҳанд.

Масъалаҳои таъмини амниятро дар минтақа муҳокима намуда, бо мақсади муборизаи самаранок бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир, Тарафҳо аҳамияти ҳамоҳангии амалкарди муштараки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амниятӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбию техникиро зикр намуданд.

Тарафҳо тазаккур доданд, ки кӯшишҳои муштараки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пойгоҳи 201-уми низомии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳим дар таъмини амнияти минтақавӣ мебошад. Омодагї љињати амалисозии њамоњангшудаи минбаъда мутобиќи Созишнома байни Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи Россия дар бораи маќом ва шартњои будубоши Пойгоњи њарбии Федератсияи Россия дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон аз 5 октябри соли 2012 изњор гардид.

Тарафҳо таъмиқи ҳамкориҳоро дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ дар заминаи созишнома ва барномаҳои дахлдор, идома хоҳанд дод. Тарафҳо аҳамияти татбиқи минбаъдаи тавофуқотро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, бо мақсади муборизаи муассир бар зидди таҳдиду чолишҳо ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ таъкид намуданд.

Азми таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқу аслиҳа ва дигар таҳдиду чолишҳо баҳри таъмини амнияти миллӣ ва пойдории суботи минтақавӣ иброз гардид. Аҳамияти пешгирӣ аз паҳншавии идеологияи террористию экстремистӣ, дастгирии молӣ ва моддию техникии терроризм, инчунин амалкарди фаъоли ҷангиёни террорист таъкиди мањз гардид. Љонибњо ба рушди амалии ҳамкориҳои мутақобила оид ба самтҳои мазкур, ҳам дар сатҳи сиёсӣ ва ҳам миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Тарафҳо таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Президентҳо изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар оянда низ ҳамкориҳоро дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар ҳошияи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин, дигар созмонҳои байналмилалӣ идома дода, ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷиро оид ба масоили муҳими минтақавӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ тақвият медиҳанд.

Сарони давлатҳо аҳамияти мубрами қатъномаи Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳидро аз 21 декабри соли 2016 дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як овоз қабул гардид, ќайд карданд. Ҷониби Россия ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ки бо мақсади татбиқи он даҳсола доир мегарданд, изҳорӣ омодагӣ зоњир намуд.

Президентҳо зарурати густариш ва таъмиқи ҳамкориҳоро дар ҳошияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ зикр намуданд.

Ҷонибҳо фаъолиятро ҷиҳати мутобиқгардонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба воқеияти муосир идома медиҳанд. Сарони давлатҳо ҷонибдории худро аз риояи усулҳои муттасилӣ бо назардошти раёсати Федератсияи Россия дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2017 ва раёсати дарпешистодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Созмон соли 2018 изҳор намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ният доранд минбаъд низ дар ҳошияи Созмони Ҳамкории Шанхай бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра фаъолияти устуворро идома диҳанд.

Президентҳо фароњам гардидани заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷонибаро зикр намуда, аҳамияти таъмини ҳамоҳангсозии устуворро љињати татбиқи мукаммал ва саривақтии санадҳои барномавӣ оид ба ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин манфиатнокии такмили онро таъкид карданд.

Сарони давлатҳо аҳамияти дар ҳошияи сафари расмї байни Тарафҳо ба имзо расидани созишномаҳои байниҳукуматиро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта, дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар соҳаи алоқаи ҳарбии фелдъегерӣ, инчунин санадҳои байниидоравӣ – барномаи ҳамкорӣ байни мақомоти сиёсати хориҷӣ барои соли 2017, созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ќайд намуданд.

Изҳори боварӣ гардид, ки муносибатҳои муосири Тоҷикистону Россия, ки дар заминаи равобити таърихӣ тавсеа ёфтаанд, ба руҳияи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ва манфиатҳои бунёдии мардумони Тоҷикистону Россия комилан мувофиқ мебошанд.

Президентҳо итминони комил намуданд, ки татбиқи тавофуқоти ҳосилшудаи миёни Тарафҳо ба таъмиқи минбаъдаи шарикии стратегӣ ва муносибатњои иттифоқии ду давлат мусоидат мекунанд.

Сарони давлатҳо роҷеъ ба идомаи муколамаи доимии фаъоли сиёсӣ оид ба ҳамаи масъалаҳои мавриди манфиати мутақобила ба мувофиқа расиданд.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии ҳайати Россия изҳори миннатдорӣ намуда, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боздид аз Федератсияи Россия дар вақти барояш муносиб даъват ба амал овард. Даъват бо камоли майл пазируфта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520