Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонии сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Россия бо Президенти Туркманистон

28.02.2017 12:20, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни гуфтугӯи судманди телефонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор дода, барои рушду тавсеаи бештару хубтари онҳо дар ҳамаи соҳаҳои афзалиятнок изҳори омодагию ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Дар суҳбати телефонӣ ҳамчунин масоили вобаста ба ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Туркманистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520