Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


«Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии
аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии
кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи
нафақа ва стипендия»
 

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнати ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 16 қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
1) Аз 1 сентябри соли 2011:
- музди меҳнати директорони институтҳо, пажўҳишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 3,3 маротиба ва музди меҳнати кормандони онҳо, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхўҷа Сатторов ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шавад;
- музди меҳнати кормандони раёсатҳои Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигар муассисаҳои илмии соҳавӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;
- музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 40 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 112 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шавад;
- музди меҳнати кормандони Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба музди меҳнати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баробар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши моҳонаи вазифавии раисон, муовинони раис ва судяҳои судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои иқтисодӣ ва судҳои ҳарбии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, судҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши моҳонаи вазифавии раисон, муовинон ва судяҳои Суди Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон ва музди меҳнати моҳонаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 50 фоиз зиёд карда шавад;
-Андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳаҷми 350 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавӣ ва ставкаҳои тарифии кормандони дигар муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд (ба ғайр аз сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нўҳум ва даҳуми банди 1 Фармони мазкур), ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;
- музди меҳнате, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003, №119 барои кормандони марказҳои (гурўҳҳои) татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалишаванда муайян гардидааст, дар доираи маблағҳои барои нигоҳдории онҳо пешбинишуда ба андозаи 25 фоиз зиёд карда шавад;
- нафақаи меҳнатӣ ва иҷтимоии нафақахўрон ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақали нафақаи муқарраргардида зиёд карда шавад;
- андозаи амалкунандаи стипендияи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияи аспирантҳо ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои Донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон) 40 фоиз зиёд карда шавад.
2) ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- дар амал татбиқ намудани Фармони мазкурро дар соли 2011 аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, аз ҳисоби маблағҳои бақияи озод ва иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷотӣ ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;
- дар мўҳлати се моҳ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод карда, қарорҳои дахлдори худро бо Фармони мазкур мутобиқ намоянд;
- ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд (ба ғайр аз нафақа), мувофиқи қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудааст, анҷом дода шаванд.



Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе
02 августи соли 2011
№1126

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520