Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Малайзия Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷи Абдул Разоқ

16.03.2017 10:28, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия  Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷи Абдул Разоқ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, 

Сарфарозам Шуморо ба муносибати 25-солагии ба роҳ мондани   робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия табрику муборакбод намоям.

Бо ишора ба натиҷаҳои мулоқоти мову Шумо дар ҳошияи Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ,  изҳори боварӣ мекунам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни кишварҳоямон дар оянда низ бо талошҳои пайгиронаи муштараки мо густариш хоҳанд ёфт.

Барои пешбурди ин раванди самарабахш мо омодаем, ки муколамаи мунтазами сиёсии миёни кишварҳоямонро, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, тақвияти бештар бахшем.

Ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, саломатии комил, саодату комёбиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Малайзия сулҳу амонӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520