Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Имсол чорабиниҳои ҷумҳуриявии ҷашни Наврӯзи фархундапай дар маркази шаҳри Турсунзода сурат гирифта, ба ин хотир маҳалла ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр симои идона дорад.
Дар рӯзи таҷлили бошукуҳи наврӯзи ҷаҳонӣ пеш аз оғози чорабиниҳои фарҳангии наврӯзӣ аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода як қатор иншооти таъиноти гуногун ифтитоҳ карда мешавад, зеро созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ аз оини нек ва хоси ҷашни наврӯз аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи шаҳр сокинону фаъолон бо эҳтирому самимияти хоса ба таври бошукуҳ истиқбол гирифтанд.
Аҳли ҳунар ва хонандагон ба хотири пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи зебову рангинро, ки фазилатҳои неки Наврӯзи бостониро бозгўй мекард, манзур намуданд.