Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози фаъолияти ҶДММ "Баракат Исфара" дар шаҳри Исфара

24.03.2017 10:18, шаҳри Исфара

Дар рӯзҳои таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба корхонаи тозабунёди коркарди меваи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Баракат Исфара" ташриф оварда, бо пахши тугма ба фаъолияти ин коргоҳ оғози расмӣ бахшиданд. Корхонаи мазкур бо сармоягузории соҳибкорони Федератсияи Россия, ки 97 дарсадро ташкил медиҳад, бунёд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Маблағи умумӣ барои бунёд ва ба таври пурра ба роҳ мондани фаъолияти ин корхона 3 миллион доллари амрикоӣ ё худ 24 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Баракат Исфара" коркарди маҳсулот бо истифода аз буғи гарм, нарм сохтани зардолу ва сиёҳолу, гирифтани донак, коркарди безараркунӣ, ташхиси озмоишӣ, ба навъҳо ҷудо кардан ва банду басти меваҳо ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти коркардшуда асосан ба Федератсияи Россия, Қазоқистон, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико содирот мегардад. Дар коргоҳ 70 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд, ки аз ин ҳисоб 65 нафар зан ва 5 каси дигар мардон мебошанд. Маоши кормандон вобаста аз мавсими корӣ аз 700 то 2000 сомониро дар бар мегирад.

Сарвари давлат ба фаъолияти корхона бевосита шинос шуда, ба корҳои анҷом додашуда баҳои баланд доданд. Барои коркарди бо сифати маҳсулоти меваи хушк дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Истеҳсолгарон навъҳои маҳсулоти аз меваи хушк омодгардидаро низ ба намоиш гузоштанд. Сарвари давлат аз маҳсулоти истеҳсолкардаи соҳибкорон дидан карда барои бештар фаро гирифтани  бозори дохилӣ ва зиёд намудани истеҳсолоту ба ҳамин васила кам кардани талафоти ҳосили мева дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Намояндагии корхона дар шоҳроҳи Исфара-Хуҷанд ҷойгир шуда, аз коргоҳи банду басти меваи хушк ва сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти худи корхона пешбинӣ гардидааст. Ба гуфти масъулин дар маҷмӯъ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Баракат Исфара" ва филиали он дар шоҳроҳи Исфара-Хуҷанд 170 нафар ба корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд. Таъкид шуд, ки дар сурати пешрафти кор имкон аст, ки шумораи кормандон боз ҳам бештар карда шуда, то ба 250 нафар ба фаъолият дар ин коргоҳ ҷалб карда шаванд. Дастгоҳҳои дар ин корхона насбу васлгардида, аз Россия ва Туркия харидорӣ шудаанд. Маҳсулоти корхона ба меъёрии ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520