Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

24.03.2017 19:23, шаҳри Гулистон

24 марти соли 2017 дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

Дар кори машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, рафти корҳои ободонию созандагӣ, кишту кори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, бартараф кардани камбудию мушкилоти ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. 

Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки то аввали соли 2017 бақияи қарзи вилоят аз андоз ба буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоӣ беш аз 130 миллион сомониро ташкил кардааст, ки ҳиссаи бештари он ба шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров рост меояд. Соли 2016 буҷети вилояти Суғд ба андозаи 101,8 фоиз иҷро шуда, ба он 1,9 миллиард сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 34,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳоло дар вилоят 23 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад, ки маблағи умумии то имрӯз азхудшуда 1,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Танҳо дар ду соли охир дар вилоят 123 корхонаи саноатӣ бунёд гардидааст. Инчунин, дар соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудаанд, ки нисбат ба соли 2015  - 29 фоиз зиёд мебошад.

Соли гузашта кишоварзони вилоят дар майдони беш аз 270 ҳазор гектар замин кишт гузаронида, ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2015 - 9,1 фоиз зиёд мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти татбиқи босифату саривақтии барномаҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бартараф намоянд. Нишондиҳандаҳои даромади буҷетро таъмин, бақияпулиҳои андозро коҳиш дода, аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ намоянд. Инчунин барои таъмин кардани маблағгузории лоиҳаҳои рушди инфрасохтор ва лоиҳаҳои дорои аҳаммияти иқтисодиву иҷтимоӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар кори машварат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, ки бештар дар шаҳрҳои Гулистон, Истаравшан, ноҳияҳои Ашт, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст, изҳори нигаронӣ карданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2016 ва ду моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 6233 ҷиноят содир карда шудааст ва кушодани ҷиноятҳо 94 фоизро ташкил медиҳад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои рафъи камбудиҳо, инчунин пешгирию коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ вазифадор шуданд.

Дар кори машварат супоришҳои дигар ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав вобаста ба истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, бамаротиб зиёд кардани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ оид ба пурра таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд кардани содироти он, истифодаи самаранок ва оқилонаи ҳар як ваҷаб замини кишт дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ташвишовари риояи қонунгузорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соҳаи замин ёдовар шуда, роҳбарияти вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки бо масъулияти тамом ҷиҳати риояи ҳатмии қонунгузорӣ ва пешгирии қонуншиканӣ дар ин самт чораҳои қатъӣ андешанд.

Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба натиҷаи фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи вилоят давоми соли 2017, рафти татбиқи супоришҳои Президенти мамлакат аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ва иҷрои дигар дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки фаъолони вилоят минбаъд низ барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешбурди соҳаии иқтисодию иҷтимоӣ бештар талош варзида, дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520