Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низомӣ ва интизомии давлат

08.05.2001 10:00, шаҳри Душанбе

8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низомӣ ва интизомии давлат машварат гузаронид.

Дар машварат сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Сафар Сафаров иштирок намуданд. Дар ҷараёни машварат ба Сардори давлат оид ба рафти иҷрои фармонҳои Президент ва қарорҳои Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ дар бобати таъмини амнияти миллии мамлакат, аз ҷумла ҷиҳатҳои давлатӣ ва иттилоотии он, мубориза ба муқобили ҷиноят ва умуман таҳкими қонуният ва тартибот дар ҷомеа ҳисобот дода шуд.

Сардори давлат ба вазъияти ин соҳа ҳамчун самти муҳимтарин баҳо дода, роҷеъ ба масъалаҳои мубориза ба муқобили ҷинояти муташаккил, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ба мутассадиён дастуру супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520