9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро бо 56-умин солгарди Ғалаба бар фашизми гитлерӣ муборакбод намуд.
"Шумо ва ҳамаи халқи Тоҷикистонро бо 56 - умин солгарди рӯзи Ғалаба бар фашизм самимона табрик мекунам.
Инак 56 - сол аст, ки мо аз рӯзҳои фаромӯшнопазири соли 1945 ёд мекунем. Сахифаҳои китоби хотироти худро варақгардон намуда, азамату шаҳомати диловаронаи халқҳоро дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон фаррохтару амиқтар дарк менамоем.
Дар рӯзи ғалаба мо мардонагӣ, шуҷоат ва қаҳрамонии онҳоеро, ки Ватанро ҳифз ва ҳаёти осудаҳолонаро таъмин намудаанд, қадр намуда, ба хотири онҳо сари таъзим фуруд меорем.
Имрӯз таъмини сулҳи пойдор , таҳкими худшиносии миллӣ ва давлатдории тоҷикон, ки пояҳои онро падару бобоёнамон фароҳам оварда буданд, вазифаи умдатарини ҳар узви ҷомеаи мо мебошад", омадааст дар Паёми табрикии Сарвари давлат.