7 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи САҲА, вазири корҳои хориҷии Руминия Мирча Ҷоанеро, ки бори нахуст бо мамлакати мо ташриф овардааст, қабул намуд.
Дар ҷараёни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ба ҳамкории САҲА ва сохторҳои он дар кори инкишофи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ ва бунёди давлати ҳуқуқӣ аҳамияти калон медиҳад.
Ба саҳми САҲА дар таҳкими сулҳ ва мӯътадилгардонии иқтисодӣ дар мамлакат баҳои баланд дода, Сардори давлат ба васеъ намудани ҳамдастӣ бо он, аз ҷумла оид ба масъалаҳои моҳияти иқтисодидошта таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард.