4 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор рафт.
Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар бо фаъолияти участкаҳои гуногуни хоҷагии "Наврӯз" ва Иттиҳодияи истеҳсолии саноатии "Шаҳринав"-и ноҳияи Шаҳринав, хоҷагиҳои кооперативии "Маскав", ба номи Латиф Муродов, Ҷамъияти саҳҳомии "Фаррух"-и ноҳияи Ҳисор шинос шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафар бо аҳолӣ мулоқоту гуфтушунидҳои сершумор анҷом дод. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо масъалаҳои муҳимми рӯзмарра дар марҳилаи нави пешрафти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки баъди анҷоми давраи истиқрори сулҳ дар мамлакат шурӯъ гардидааст.