Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.08.2001 14:00, шаҳри Душанбе

23 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи афви умумӣ" мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ба муносибати 10-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти принсипҳои умумибашарӣ, инчунин бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ, Сардори давлат ба баррасии вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи афви умумӣ"-ро пешниҳод намуд. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр кард, ки аз соли 1993 то соли 1999 бо мақсади мӯътадил гардонидани вазъи сиёсии кишвар, татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо назардошти принсипҳои умумибашарӣ вобаста ба афви умумӣ 8 санад қабул гардид, ки дар асоси он тақрибан 21500 нафар маҳбусон ва шахсони ҷиноятсодиркарда афв карда шуданд. Қабули санади нави афви умумӣ нишонаи эҳтиром ба арзишҳои умумимибашарӣ ва арҷгузорӣ ба қадри инсон буда, имкон медиҳад, ки шахсони бори аввал ҷиноятсодирнамуда, бахусус заноне, ки барои муомилоти ғайриқонунии ҳаҷман ками маводҳои мухаддир маҳкум гардидаанд, ҷавонони аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда ва ё маҳалли хизматро худсарона тарккарда, маҳбусони гирифтори бемории сил, занони синнашон аз 50 ва мардони синнашон аз 55 боло, иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони имтиёзашон ба онҳо баробар, шаҳрвандони хориҷӣ ва як қатор маҳбусоне, ки ба ҷинояти вазнин даст назадаанд, афв карда мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон дар хотимаи суханрониаш изҳори боварӣ намуд, ки санади мазкур аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ дуруст дарк карда мешавад ва ба ҷараёни зиндагии осоишта пайвастани афвшудагон боиси таҳкими минбаъдаи қонуният дар кишвар мегардад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи афви умумӣ" аз ҷониби фраксияҳои ҳизбӣ ва раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон комилан дастгирӣ ёфт ва бо як овоз қабул гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520