Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба вилояти Суғд

03.09.2001 14:00, шаҳри Хуҷанд

3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 10-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ботантанаи ба истифода додани иншооти идона ширкат варзид. Дар вилояти Суғд соли 2001 беш аз 80 корхона ва иншооти дигар мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар Хуҷанд бунёд гардидани ҳайкали асосгузори нахустин давлати мутамаркази мустақили тоҷикон Исмоили Сомонӣ аз ҷумлаи иншооти мазкур аст. Сардори давлат дар маросими ботантанаи пардабардорӣ аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ширкат варзида, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ соли таърихи навини кишвар, дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва номуси ватандорӣ тарбия намудани насли ҷавон, муқаддас доштани арзишҳои асили миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолият суханронӣ намуд.

3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи муштараки Тоҷикистону Италия "Абрешим" боздид ба амал овард.

Яке аз роҳбарони ширкати италиявӣ ҷаноби Каррера ба Президенти мамлакат барои муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати ҷалби сармоягузории хориҷӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Сардори давлат ба истифода дода шудани корхонаи муштараки "Абрешим"-ро ҳамчун иқдоми нав дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Италия арзёбӣ кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520