Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими расмии ифтитоҳи минтақаи роҳи автомобилгарди "Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Қулма" дар ноҳияи Мурғоб

21.09.2001 18:00, ноҳияи Мурғоб

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расмии ифтитоҳи минтақаи роҳи автомобилгарди "Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Қулма" дар ноҳияи Мурғоб ширкат варзид.

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи дурдасти Мурғоб ташриф овард. Дар ин сафар Сарвари давлатро як гурӯҳ меҳмонони хориҷӣ ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҳамроҳӣ карданд. Сокинони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб Президенти Ҷумҳуриро дар рӯҳияи баланди созандагию бунёдкорӣ истиқбол гирифтанд. Зеро, қисмати асосии шоҳроҳи автомобилгард, ки Тоҷикистонро бо бандарҳои бузурги ҷаҳонӣ мепайвандад, маҳз аз ноҳияи Мурғоб мегузарад.

Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти ботантана лентаи рамзиро бурида, ба ифтитоҳи роҳи автомобилгард аз ноҳияи Мурғоб то ағбаи Кулма, ки Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Чин мепайвандад, ба таври расмӣ ибтидо гузошт. Роҳи автомобилгарди Мурғоб - Кулма, ки яке аз қисматҳои асосии шоҳроҳи Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Мурғоб - Кулма ва шоҳроҳи Кароқурум мебошад, дар фосилаи 33 километр тул мекашад. Корҳои сохтмонӣ ва рӯпушкунии он аз ҷониби Ширкати "Энтес"-и Туркия, ки дар озмуни байналхалқӣ ғолиб омада буд, анҷом дода шуданд. Дар бунёди он роҳсозони ҷамъиятҳои саҳҳомии "Бадахшонроҳ" ва "Дизел" низ саҳм гузоштаанд. Лоиҳаи сохтмони роҳ аз ҷониби Бонки Исломии Рушд маблағгузорӣ шудааст. Ҳаҷми умумии корҳо 14 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва тақрибан 10 миллиони онро Бонки Исломии Рушд ҳиссагузорӣ намудааст.

Сардори давлат бевосита ба ҷараёни иҷрои корҳо дар тамоми фосилаи роҳ то сарҳади Ҷумҳурии Халқии Чин шинос гардид ва ба фаъолияти муассисаҳои наздисарҳадӣ мароқ зоҳир намуд.

Қисмати роҳ аз Мурғоб то ағбаи Кулма ки дар баландии 4380 метр аз сатҳи баҳр мавқеият дорад, ба талаботи меъёрҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ буда, ҳаракати шабонарӯзии тамоми навъҳои нақлиёти автомобилиро таъмин мекунад.

Ин роҳ на танҳо барои ҳамлу нақли бор дар дохили кишвар, балки ҷиҳати интиқоли борҳои гуногун ва мусофирони дигар кишварҳо, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, хизмат хоҳад кард.

Ба муносибати ифтитоҳи роҳи Мурғоб-Кулма ҷамъомади ботантана доир гардид. Дар назди ҳозирон Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Эмомалӣ Раҳмон ҳозиронро бо ин рӯйдоди муҳим табрик намуда, аз аҳамияти ин роҳи тақдирсоз дар вусъати робитаҳои байналхалқии Тоҷикистон ёдовар шуд. Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, ки бунёди шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба амал омад.

Зимни боздид аз ноҳияи Мурғоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ мулоқоту сӯҳбатҳо анҷом дод. Дар ҷараёни онҳо ба масъслаҳои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум, фаъолияти муассисаҳои маориф, нигоҳдории тандурустӣ, корхонаҳои саҳҳомии буҷетӣ, бо маош таъмин намудани коргарон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғайра дахл карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо аҳолӣ тазаккур дод, ки барои таъмини ноҳия бо сӯзишворӣ аз ҳисоби фонди захиравии Президенти ҷумҳурӣ 100 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.

Сӯҳбату вохӯриҳои Сардори давлат бо аҳолӣ собит сохт, ки сокинони ноҳияи Мурғоб сиёсати имрӯзаи роҳбарияти давлатро, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва бунёдкорию созандагӣ равона гардидааст, якдилона пуштибонӣ менамоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520