Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен

27.03.2017 17:31, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, 

Дар иртибот ба фарорасии  биступанҷумин солгарди  истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия сарфарозам ба Шумо табрикоту муборакбодии самимонаи хешро ирсол дорам.  

Боиси қаноатмандист, ки  тайи ин давра робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар чандин арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн  рӯ ба густариши бемайлон ниҳода, муносибатҳои байнидавлатии мо бо такя ба усулҳои  ҳусни тафоҳум,   эътимод ба ҳамдигар ва эҳтироми мутақобила ба сатҳи назаррас расидаанд.

Мо ба ояндаи неки робитаҳои гуногунҷанбаи байни  Тоҷикистон ва Австрия  итминон дорем ва изҳори  умедворӣ менамоем, ки ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо дар минбаъда низ  идомаи босамар хоҳанд ёфт.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Австрия хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун  таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520