Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои табрикӣ ба сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

08.05.2012 19:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 67 – умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба унвони сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номаҳои табрикӣ ирсол намуд.

Дар навбати худ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, собиқадорони ҷанг ва мардуми Тоҷикистонро Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Украина Виктор Янукович, Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов бо ҷашни Ғалаба табрик намуданд.

Ирсоли номаҳои табрикӣ ба унвони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520