30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарфармондеҳи нерӯҳои марказии ИМА генерал Томми Френкс мулоқот дошт.
Дар ҷараёни мулоқот сӯҳбат ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақа, ҳамкорӣ дар доираи муборизаи зиддитеррористӣ дар Афғонистон ва роҳҳои таҳкими сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон дахл карда шуд.