Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусоҳиба бо сӯхангӯи барномаи "Подробности"-и телевизиони Россия

15.12.2001 17:00, шаҳри Душанбе

15 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои сӯхангӯи барномаи "Подробности"-и телевизиони Россия ҷавоб дод.

Дар хусуси истифодаи пойгоҳҳои низомӣ барои фуруд омадани ҳавопаймоҳои ИМА ва мамлакатҳои дигари иштирокчии амалиёти зиддитеррористӣ ҳаминро гуфтаниям, ки мо ба фуруд омадани ҳавопаймоҳои ИМА ва Фаронса дар майдони ҳавоии Кӯлоб иҷозат додем. Инчунин ҳавопаймоҳои ҳарбии нақлиётии Россия барои расондани кӯмакҳои хайрия ҳам барои Иттиҳоди Шимоли Афғонистон ва ҳам барои марзбонони Россия дар ҳамин майдони ҳавоӣ фуруд меоянд.

"Сатҳи ҳамкорие, ки байни Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои ҳарбӣ ва сиёсӣ вуҷуд дорад, ба ақидаи ман, дар байни Тоҷикистон ва ягон мамлакати дигар нест. Табиист, ки ҷумҳурии мо барои ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ ба кӯмак ва дастгирии мамлакатҳои дигар ва пеш аз ҳама, Россия эҳтиёҷ дорад. Дар мамлакати мо Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, Вазорати мудофиа ва сохторҳои дигари интизомӣ таъсис ёфтаанд. Дар таъсиси онҳо кӯмаку дастгирии мутахассисони соҳаи ҳарбии Россия, Ҳукумати Россия ва Президенти Федератсияи Россия хеле калон аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия маҳз дар бораи ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани шаҳрвандони мамлакати мо дар ҳайати гурӯҳҳои марзбони Россия ва дивизияи 201-ум созишнома имзо кардааст. Ин самараи хеле хуб медиҳад" зикр намуд Эмомалӣ Раҳмон зимни посух ба саволҳои хабарнигорон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520