Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ дар маросими таҷлили 10-солагии Истиқлолият дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

09.09.2001 21:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!

Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахшу гуворо, ки аз баракати истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллӣ сар то сари кишвари азизи моро фаро гирифтааст, беихтиёр ҳисси ифтихори миллии ҳар як фарди ватандӯст боло мегирад.

Албатта, ҷойи ифтихор аст, ки мо, тоҷикон, баъди ҳазор соли заволи давлати Сомониёни бузург бори дигар ба давлату давлатдории миллии хеш мушарраф гардидем ва имрӯз 10-солагии ин дастоварди нодиру такдирсозро дар фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии комил ҷашн мегирем.

Арзиши истиқлолияту озодии Ватан бо ягон ченак арзёбӣ карда намешавад. Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз онҳо ифтихор мекунад.

Ин мафҳумҳо барои мо, тоҷикон, махсусан азиз ва муқаддасанд.

Маҳз аз ҳамин хотир, истиқлолияти воқеии давлатамонро, ки моҳияти раҳоӣ аз дастнигарӣ ва расидан ба худшиносиву худнигариро дорад, на танҳо мо, наслҳои имрӯза, балки наслҳои оянда бояд чун гавҳараки чашм ҳифз ва эҳтиёт намоем.

Ба шарофати истиқлолият дар тӯли даҳ соли охир мо ба давлату давлатдории худ аллакай заминаи боэътимод гузошта, роҳи барпо намудани ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтаем ва эътимоди қавӣ дорем, ин роҳу равиши мо бебозгашт аст.

Дар тӯли даҳ соли гузашта пеш аз ҳама вазъи сиёсии кишвар устувор гардонида шуд, пешрафти тадриҷии иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бемайлон таъмин мегардад. Марҳилаи бунёдкорию созандагӣ босуръат ҷараён дорад.

Ҳамватанони мо шоҳиданд, ки танҳо дар якчанд рӯзи арафаи ин ҷашни мубораки миллӣ даҳҳо иншооту корхонаҳои таъиноти гуногун ба кор оғоз карданд.

Иншооту корхонаҳои нав — ин ҷойҳои нави корӣ, даромад ба хазинаи давлат, дар маҷмӯъ боз як қадам пеш рафтани иқтисодиёт ва болоравии сатҳи зиндагии мардум аст.

Дар баробари ин марҳила ба мархила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ яке аз самтҳои асосию афзалиятноки Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар ин бобат барномаҳои мушаххас дар амал татбиқ карда мешаванд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон аст ва бо даҳҳо кишвари дунё робитаҳои судманди дипломатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дорад.

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки давлати тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ мавкею эътибори эътирофшуда дорад.

Зеро мо аз қадамҳои аввалини худ эълон кардаем, ки баробари рушду таҳкими анъанаҳо ва дастовардҳои миллӣ ҳамчун давлати демокративу дунявӣ арзишҳои умумибашариро низ эътироф ва эҳтиром мекунем.

Албатта, ҳамаи ин дастоварду сарфарозиҳои мо аз баракати истиқлолият ва ваҳдати миллист.

Аз ин рӯ, дар ин лаҳзаҳои басо пурҳаяҷон ва таърихӣ ҳамаи ҳозирини ин идгоҳи бузург, меҳмонони арҷманди Тоҷикистони озод ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни саиди миллӣ, яъне 10-солагии истиқлолияти давлатӣ бори дигар табрику муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадон рӯзгори обод, сарбаландӣ ва тандурустию фаровонӣ орзумандам.

Бигузор Тоҷикистони азизи мо ҳамеша шукуфон ва истиқлолияти давлатамон пояндаву ҷовид бод!

Ид муборак, хамватанони азиз!

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520