Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

14.04.2017 19:34, Қирғизистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар кори мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқоти ғайрирасмии  Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамчунин Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев иштирок намуданд.

Дар нишасти ғайрирасмӣ, аз ҷумла масоили марбут ба тақвияти ҳамдастии давлатҳои аъзои СААД дар мубориза ба зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, масъалаҳои таъмини амнияту субботи сартосарӣ дар қаламрави давлатҳои аъзо ва дигар масоили вобаста ба вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Сарони давлатҳо аз амалҳои даҳшатбори рӯзҳои охир дар қаламрави ҷаҳон ва дар давлатҳои аъзои СААД ба амал омада бори дигар изҳори нигаронӣ карда, терроризмро ба таври қотеъ маҳкум намуданд.

Дар мулоқоти Сарони давлатҳои аъзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамчунин вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон, масоили марбут ба таҳкими сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои созмон дар марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва вазъи кунунию дурнамои ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии давлатҳои аъзои СААД мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иштирокчиёни ҷаласа аз пешниҳоди интихоби Юрий Хачатуров ба ҳайси Котиби генералии СААД ҷонибдорӣ карда, ба собиқ котиби генералии созмон Николай Бордюжа барои хизматҳои шоиста дар роҳи таҳкими ҳамгироии давлатҳои аъзои СААД изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520