Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.04.2017 09:37, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, суҳбат намуданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони намояндагии Вазорати корҳои дохилӣ дар назди созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва ИДМ, сардорони як қатор Раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин карда шуданд.

Насимзода Акбар Ғиёс - Сардори Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, ки то ин муддат дар ҳамин ниҳод аз корманди қаторӣ то ба сатҳи муовини Сардор фаъолият намудааст.

Сардорони Раёсатҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъминоти моддӣ-техникӣ, молия ва иқтисодӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба ва дорои дараҷаи тахассуси баланд таъин гардиданд.

Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Ашти вилояти Суғд, ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон низ иваз карда шуданд.

Аз ҳисоби кадрҳои корозмуда Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шаҳринав, Сангвор, Тоҷикобод ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъиншуда таъкид карданд, ки бо дасту дилу нияти пок барои волоияти қонун, таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мусоидат дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати кадрҳоро махсусан ба масъалаи мубориза алайҳи ифротгароӣ, пешгирии ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар қонуншиканиҳо ҷалб намуданд.

Ҳамчунин ба кадрҳои навтаъиншуда дастур дода шуд, ки дар ҳамкории зичу пурсамар бо дигар сохторҳои давлатӣ пуштибони ҳақиқии мардум бошанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520