Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.04.2017 18:25, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

 Дар маҷлиси ҳукумат лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» баъди муҳокима маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода гузориш дод. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти созишномаи мазкурро дар танзими қувваи кории Тоҷикистон дар Давлати Қатар таъкид карда, роҳбарони сохторҳои масъули мамлакатро вазифадор намуданд, ки барои ҳукми қонунӣ гирифтани созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Таъкид гардид, ки имзои ин созишномаи ҳамкории дар сатҳи роҳбарони ду давлати дӯсту бародар мувофиқа гардида, метавонад дар оянда муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатарро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ рушду тавсеаи бештар бахшад.

Аъзои ҳукумати мамлакат ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси лоиҳаи Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ»-ро, ки ба рушди ҳамкориҳои гумрукӣ, аз ҷумла дар самти мубодилаи иттилоот, соддагардонии расмиёти гумрукӣ, табодули таҷриба ва таҳқиқу пешгирии қонуншиканиҳои гумрукӣ мусоидат менамояд, муҳокима ва қабул карданд. Лоиҳаи қарори дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси лоиҳаи Протокол оид ба тартиби ҳамкорӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми муқоисаи маълумоти омори гумрукии савдои дутарафа» бошад, ба табодули иттилооти омории гумрукӣ байни кишварҳо нигаронида шудааст ва он имконият медиҳад, ки ҳолати воқеии гардиши тиҷорати хориҷии ҷонибҳо дуруст муайян гардида, пешгирии қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, таҳлили ҳолати рушди воқеии иқтисодиёт, таҳияи баланси савдою пардохт ва риояи қонунгузории андозу гумрук амалӣ карда шавад.

Сипас дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, муқаррар намудани рақами кӯтоҳи ягонаи фаврии алоқаи «112»-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рақами даъвати хадамоти таъҷилии огоҳсозӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти рӯзмарраи мамлакат баррасӣ шуд.

Дар рафти маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва рафти омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва риоя нагардидани талаботҳои он махсусан аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ изҳори нигаронӣ карда шуд. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки дар аксар ҳолат вайронкунандагони талаботи қонунҳои амалкунанда шахсони мансабдор, аъзои ҳукумат, вакилони маҷлиси намояндагон ва хизматчиёни давлатӣ, инчунин фарзандону наздикони онҳо буда, берун аз муқаррароти ҷорӣ худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва барои ба муассисаҳои таълимӣ бо мошинҳои гаронарзиш рафтани фарзандонашон монеъ намешаванд. Вобаста ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини қатъии талаботҳои қонунҳои амалкунандаи мамлакатро талаб намуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати ба танзим даровардан ва мувофиқ ба талаботи қонун гузаронидани ҳама гуна маъракаҳои мардумӣ ва ҷашну маросимҳои миллӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан аз ҷониби мансабдорон, пӯрзур намудани ҷавобгарии интизомӣ ва нишондиҳандаҳои ҷаримаҳои маъмурӣ нисбати вайронкунандагони қонун, падару модарон ва фарзандони онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Таъкид гардид, ки минбаъд дар ҳолати аз ҷониби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, фарзандон, пайвандон ва хешовандони наздики онҳо такрор шудани қонунвайронкуниҳо татбиқи ҷазо то аз вазифа озод кардани хизматчиёни давлатӣ ва аз макотиби олӣ хориҷ кардани фарзандони онҳо амалӣ карда мешавад.

 Роҳбарони тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ҳамзамон вазифадор карда шуданд, ки аз ҳозир ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода омодагии ҷиддӣ дида, тамоми иқтидору имконоти мавҷударо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими сармо сафарбар намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ, кишти баҳорӣ ва тақвияти тадбирҳои омодагӣ аз пешгирии хавфу хатарҳои офатҳои табиии марбут ба вазъи боду ҳавои мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520