Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” дар шаҳри Душанбе

28.04.2017 10:27, шаҳри Душанбе

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки Шифобахш Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” - и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти наву замонавии тиббӣ соли 2014 оғоз гардида, соли 2016 ба анҷом расонида шуд. Озмоишгоҳи миллии референсӣ баъди бо таҷҳизоти тиббии муосир пурра таъмин гардидан аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Арзиши умумии бинои озмоишгоҳ 23,8 миллион сомониро ташкил дода, аз ин маблағ барои корҳои сохтмонию васлгарӣ 7 миллиону 857 ҳазор сомонӣ ва барои таҷҳизонидан иншоот бо технологияи муосири тиббии ширкатҳои олмонӣ 16 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳакаш Институти лоиҳакашии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «ПИЛҶ САНИИОСП» мебошад.

Вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст.

Дар озмоишгоҳ тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқро бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками нерӯи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод намояд.

Иншооти  мазкур  аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати умумии бино 1610 м2-ро ташкил медиҳад.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюм озмоишгоҳҳо ва ҳуҷраҳои корӣ, дар ошёнаи сеюм  озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳо барои таълими кормандон сохта шудааст.

Дар Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” 60 нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи ватанӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шудаанд. Тамоми кормандон аз давраи омӯзишии кор бо таҷҳизоти муосири озмоишӣ аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда гузаронида шудаанд.

Зимни суҳбат бо кормандони Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи боз як маркази тиббии муосирро табрик гуфта, онҳоро ба хизмати содиқона ба нафъи мардум  ҳидоят карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520