Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ аз ҷараёни таъмири роҳҳои асосии кӯчаи Муродулло Шерализодаи шаҳри Душанбе

28.04.2017 10:31, шаҳри Душанбе

Имрӯз ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Муродулло Шерализодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Таъмири роҳи мошингарди кӯчаи Муродулло Шерализода дар асоси иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе аз тарафи роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-Строй-Сервис» Иззатулло Давлатов сурат мегирад. Дар маҷмӯъ аз тарафи ин соҳибкори маҳаллӣ наздики 15 километр роҳҳои шаҳри Душанбе таъмир карда мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аснои шиносоӣ бо тарҳ ва нозукиҳои лоиҳавӣ барои ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои тармиму таҷдиди роҳҳо ҳидоятҳои муфид доданд.

Дар асоси лоиҳа 9 кӯчаи таъмирталаби шаҳри Душанбе аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-Строй-Сервис» навсозӣ карда мешаванд, ки 141 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар кӯчаҳои таъмиршаванда барқарорсозии канорасангҳо ва ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ амалӣ гардида, асфалтпӯшкунии роҳҳо оғоз шуд.

Ҳамзамон аз тарафи роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон» Тоҳир Ҳукуматов навсозии роҳҳои 10 кӯчаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дарозии 15 километр идома дорад. То имрӯз таъмири роҳҳои кӯчаҳои Юсуф Вафо ва Пахтакор ба итмом расида, дар дигар қитъаҳо корҳои сохтмонӣ идома дорад.

15-уми феврали соли равон ҳангоми мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва масъулини сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорон барои саҳм гузоштан дар бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳавасмандии худро изҳор намуда буданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки ҳоло аз тарафи Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе азнавсозию бунёди 23,98 километр роҳ бо масоҳати 587 ҳазор метри мураббаъ идома дорад. Дар 12 қитъае, ки кор аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе идома дорад, ба пуррагӣ аз техникаву технологияи муосири роҳсозӣ истифода шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.

Айни замон бо роҳандозии тамоми имконоти мавҷуда ва истифодаи таҷрибаву техникаи муосир бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо саҳми соҳибкорон дар 4 ноҳияи пойтахт идома доранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520