Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарон ва кормандони муҳандисиву техникии Нерӯгоҳи Барқи Обии “Роғун”

10.05.2017 14:54, шаҳри Роғун

Дар доираи боздиди корӣ дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳо дар қитъаҳои гуногуни иншооти муҳим - Нерӯгоҳи Барқи Обии “Роғун” бо роҳбарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҳамаи бунёдгарони иншооти тақдирсоз барои заҳмати содиқона ва азму субот баҳри бардоштани пешдарғот ва вусъати корҳои созандагӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки давоми шаш моҳ шуруъ аз рӯзи дигар кардани маҷрои дарёи Вахш барои бунёди пешдарғот корҳои назаррасе ба иҷро расидаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки нерӯгоҳ дар таъмини мунтазами аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо бо нерӯи барқ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нақши бисёр муҳим мегузорад. Ҳамчунин обанбори неругоҳ барои пешгирии ҳодисаҳои фавқулодда, танзими бисёрсолаи истифодаи манбаъҳои оби минтақа, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии миллионҳо гектар заминҳои кишоварзӣ ва азхудкунии садҳо ҳазор гектар заминҳои нав хизмат мерасонад.

Бинобар ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулин ва пудратчиёнро вазифадор карданд, ки корҳои сохтмониро бо роҳи пурра сафарбар намудани техникаву таҷҳизот тибқи нақша ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом расонанд, инчунин иҷрои саривақтию босифати сохтмонро мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ таъмин созанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба рафти иҷрои корҳо баҳри дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода додани агрегатҳои аввал ҷалб намуданд.

Зимни суханронӣ оид ба иҷрои корҳо ва нақшаи тадбирҳои бунёдӣ дар иншооти муҳим супориш дода шуд, ки масъалаи харидории таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва масолеҳи сохтмонӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.

То имрӯз барои сохтмон ва барқарорсозии Нерӯгоҳи Барқи Обии “Роғун” зиёда аз 12 миллиард сомонӣ маблағ хароҷот шуда, соли ҷорӣ дар буҷети давлат 1,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Истифодаи хатти конвейерӣ дар бунёди пешдарғот яке аз роҳҳои самаранок истифода бурдани маблағ ва техникаи сохтмонӣ дар бунёди сарбанд маънидод гардид.

Таъкид гардид, ки дар баробари корҳои асосии сохтмону васлкунӣ минтақаи зериобшаванда низ бояд омода карда шавад. Дар ин раванд, корҳо оид ба кӯчонидани аҳолӣ ва муҳайё намудани шароити зарурии зист барои муҳоҷирон дар ҷойҳои нави зист бояд вусъат бахшида шаванд.

 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири суханронии хеш бо итминон иброз доштанд, ки муҳандисону мутахассисон ва сохтмончиён бо азму иродаи матин ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иҷрои саривақтиву босифати корҳои минбаъдаро сарбаландона таъмин мекунанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520