Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Рамазон Абдулатипов

10.05.2017 19:51, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 10 майи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Рамазон Абдулатиповро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Рамазон Абдулатипов барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар баҳои баланд дода, ташрифи ӯро, ки ба рӯзҳои таҷлили 25 - солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия рост меояд, таконбахши рушди равобити ҳасана дар замону арсаҳои нав, арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ҳавасмандии худро изҳор доштанд.

Таъкид гардид, ки Россия ҳамчун шарики стратегӣ дар савдои хориҷии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад ва саҳми он дар гардиши моли кишвари мо наздики 30 фоизро ташкил медиҳад.

Дар мулоқот имконияти иштироки ҷониби Доғистон дар пешрафти соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, ҷалби ширкатҳо барои фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин ба манфиати ҳарду ҷониб баҳрабардорӣ намудан аз канданиҳои фоиданоки  Тоҷикистон, муҳокима карда шуд.

Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ, маориф, табодули омӯзгорони забони русӣ, дастрасӣ ба маводи таълимӣ, инчунин сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар маънидод гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520