ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 11 майи cоли 2012 № 239
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи
давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев
озод намудани Ҷангибеков Г.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҷангибеков Гулхоҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон