Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара

12.05.2017 06:57, ноҳияи Данғара

Муҳтарам омӯзгорон ва падару модарон!
Фарзандони азиз!

Дар ин айёми зебои баҳор ба истифода супоридани боз як муассисаи нави таълимиро дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари диёрамон – деҳаи Сангтӯда ҳамчун туҳфаи Ҳукумати мамлакат дар Соли ҷавонон ба ҳар яки шумо табрик мегӯям.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9, ки ҳоло ба фаъолияти он ҳусни оғоз бахшидем, барои 1320 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, аз ҳисоби буҷети давлат бунёд карда шудааст.

Дар ин муассисаи нави таълимӣ барои таълиму тарбия ва рушди нерӯи зеҳниву ҷисмонии шогирдон утоқҳои муҷаҳҳази фаннӣ, китобхонаву маҷлисгоҳ ва толору майдони варзишӣ бо беҳтарин шароити замонавӣ фароҳам оварда шудаанд.

Мақсади аввалиндараҷаи мо аз бунёди чунин муассисаҳои таълимӣ, пеш аз ҳама, ғамхорӣ ба наслҳои ояндасози миллат, муҳайё намудани шароиту имкониятҳои замонавӣ барои тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи илму донишомӯзӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву созандагӣ, яъне рушди ҳамаҷонибаи фарзандонамон мебошад.

Зеро мо хуб дарк менамоем, ки тараққиёти минбаъдаи бонизому бемайлони ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар аз сатҳи пешрафти соҳаи маориф ҳамчун соҳаи калидии мамлакат ва таъминот бо тарбияи кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад.  

Маҳз бо ҳамин сабаб таъмин намудани рушди соҳаи маориф аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор рафта, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва рушди нерӯи инсонӣ таҳти таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумат қарор дорад.

Ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадаф дар замони истиқлолият дар ноҳияи Данғара аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 40 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои беш аз 12 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.

Танҳо соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 8 муассисаи нави таълимӣ бо 1670 ҷойи нишаст ба истифода дода, ҳамаи муассисаҳои таълимии зикргардида бо таҷҳизоти зарурии таълим ва шароити муосир таъмин карда шуданд.

Ҳоло сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар деҳаҳои Навобод, Нурбахш, Талхоб, Шаршар ва Пушинг бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаи маорифи вилояти Хатлон ва дастгирии минбаъдаи он бо қарори Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 қабул гардид.

Дар марҳалаи татбиқи барномаи мазкур, яъне дар панҷ соли оянда дар вилояти Хатлон 21 муассисаи таълимӣ аз хонаҳои шахсиву ҷойҳои ҷамъиятӣ бароварда шуда, дар маҷмӯъ, 566 муассисаи таълимӣ барои 110 ҳазор нафар хонанда бунёду азнавсозӣ карда мешаванд.

Тибқи барнома дар ноҳияи Данғара бунёди 61 муассисаи нави таълимӣ, ду маркази таҳсилоти иловагӣ ва рушди истеъдодҳо ба нақша гирифта шудааст.

Мақсад аз хотирнишон кардани ин рақамҳо аз он иборат аст, ки Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ соҳаи маорифро ҳамеша дастгирӣ намуда, маблағгузории онро сол аз сол зиёд карда истодааст.

Бинобар ин, аз шумо – устодону омӯзгорон ва роҳбарону масъулони соҳаи маориф талаб карда мешавад, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия эътибори ҷиддӣ дода, донишу таҷрибаи худро барои омода кардани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир сафарбар намоед.

Ҳамчунин, бо дарназардошти он, ки дар деҳоти Сангтӯда дар даврони соҳибистиқлолӣ ду нерӯгоҳи барқи обӣ – “Сангтӯда 1” ва “Сангтӯда 2” ба фаъолият оғоз намуд, зарур аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба раванди азхудкунии фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, то ки минбаъд хатмкунандагони деҳот тавонанд ба муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи гидроэнергетика дар дохил ва хориҷи кишвар қабул шуда, баъди хатм ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар пешрафту ободии диёри худ саҳм гузоранд.

Имрӯз дар ду нерӯгоҳи воқеъ дар ҳудуди деҳоти Сангтуда қариб 400 нафар сокинони маҳаллӣ бо кору фаъолият машғуланд ва бо маоши аз якуним ҳазор то чор ҳазор сомонӣ таъмин мебошанд.

Бори дигар таъкид месозам, ки масъулони соҳаи маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба омода кардани кадрҳо бо ихтисосҳои техникиву технологӣ ҳарчи бештар эътибор диҳанд.

Зеро тайи солҳои охир дар қаламрави кишварамон даҳҳо корхонаҳои бузурги саноативу нерӯгоҳҳои барқи обӣ бунёд гардиданд ва барои ҳамаи онҳо мутахассисони сатҳи баланди техникӣ, аз ҷумла муҳандисону идоракунандагони таҷҳизоти муосири техникӣ ва энергетикҳои баландихтисос заруранд.

Хусусан, соҳаи энергетикаи мамлакат имрӯз ба кадрҳои замонавӣ эҳтиёҷи зиёд дорад. 

Вобаста ба ин, ба устодону омӯзгорон ва падару модарон муроҷиат менамоям, ки таваҷҷуҳи наврасонро барои аз бар намудани фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бештар ҷалб кунанд ва ба ташаккули ҷаҳонбинии фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву заҳматдӯстӣ тарбия намоянд.

Ҳодисаҳои даҳшатборе, ки солҳои охир дар баъзе кишварҳои олам рух дода, тамоми ҷомеаи башариро ба ташвиш овардаанд, асосан аз ҷониби ҷавононе содир шуда истодаанд, ки саводи кофӣ надоранд ва ҳамчун бозичаи дасти доираҳои манфиатҷӯй ва ашхоси ҷиноятпеша истифода мешаванд.

Ҳукумати кишвар ва сохтору мақомоти давлатӣ барои пешгирӣ кардани таъсири чунин равандҳои хатарнок ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ҳамаи чораҳоро амалӣ карда истодаанд.

Вале хотирнишон месозам, ки дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъулони соҳаи маориф, падару модарон ва умуман аҳли ҷомеа бояд дар ин самт бисёр фаъол бошанд, ба тарбияи фарзандони худ ва наврасону ҷавонон эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд, онҳоро аз роҳи бад гардонанд ва нагузоранд, ки ҷавонони мо таҳти таъсири ақидаҳои хурофотпарастонаву ифротӣ қарор гиранд.

Эътимоди комил дорам, ки сокинони ноҳияи Данғара, аз ҷумла мардуми заҳматқарини деҳоти Сангтӯда минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри аҷдодӣ ва тарбияи насли ояндасоз дучанд ҷаҳду талош мекунанд.

Ҳамчунин, ба шумо – фарзандони азиз муроҷиат менамоям, ки шумо насли хушбахт ҳастед, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон зиндагӣ мекунед.

Бинобар ин, ҳамеша кӯшиш намоед, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил кунед, рафтори намунавӣ дошта бошед, ҳамчун мутахассисони баландихтисос ба камол расед ва оянда давлати озоду соҳибихтиёри Тоҷикистонро соҳибӣ карда, пешрафту тараққиёти онро таъмин созед.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати оғози фаъолияти муассисаи нави таълимӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хонаи обод ва ба шогирдони азизи мактаби навбунёд саломатӣ ва хониши хубу аъло орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520