Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон

13.05.2017 08:47, ноҳияи Данғара

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази савдои Каёнуши ноҳия аз намоиш фуруши чорвои хушзоту маҳсулоти кишоварзӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон дидан намуданд.

Дар ин рӯз аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят кишоварзони номдор дастранҷи хеш, маҳсулоти кишоварзӣ, намунаи чорвои хушзоти хурду калон ва намудҳои гуногуни паррандаю моҳиро ба мараз гузошта, маҳсулоти нонӣ, хушкмева, обу шарбатҳои мевагин, маҳсулотҳои консервашуда, гушту маҳсулот аз гушт, ширу маҳсулоти бо шир, асал ва дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатию кишоварзиро пешкаш намуданд.

Тавре маълум аст дар рушди иқтисодиёти вилояти Хатлон ва умуман мамлакат соҳаи кишоварзӣ нақши хеле муҳим мебозад. Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 майи соли 2017 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят 947 ҳазор сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 482 ҳазор сар модагов, 2 миллиону 317 ҳазор сар моли майда, 57,9 ҳазор сар асп, 1 миллиону 739 ҳазор сар парранда ва 59,7 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад.

Дар намоишгоҳ таҷрибаи ибратбахши хоҷагиҳои кишоварзию зотпарварии “Раҳмонҷон” - и ноҳияи Данғара, хоҷагии зотпарварии “Ҳисор” –- и ноҳияи Фархор дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт.

Бо таваҷҷуҳи махсус ба парвариши чорвои хушзоти хурду калон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки саршумори зотҳои манфиатовар афзун ва парвариши онҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят васеъ ба роҳ монда шавад.. Дастурҳои қатъии дигар барои тақвияти тадбирҳои коркарди гушту шир ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати онҳо дода шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои кори хоҷагиҳои давлатии моҳипарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Дар асоси маълумоти оморӣ дар вилоят баъди қабули Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ сол то сол афзоиш ёфта теъдоди онҳо ба 185 адад расонида шудааст ва ба онҳо дар майдони 1938 гектар кӯлҳо ва ҳавзҳо вобаста карда шудааст. Дар натиҷаи амалисозии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чор моҳи соли равон дар вилоят 271 тонна моҳӣ истеҳсол гардида, барои таъмини рушди минбаъдаи соҳа ба хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят зиёда аз 230 ҳазор дона моҳии хурд дастрас карда мешавад. Дар қисмати фуруши меваю сабзавоти бозори Каёнуш намоиши маҳсулоти боғутокпарварону зироаткорон ва корхонаҳои коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзии вилоят ташкил карда шуд.Тавре таъкид гардид, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар масъулияти зиёд доранд, зеро имкону захираҳои васеътарин маҳз дар ҳамин минтақаи ҷумҳурӣ мавҷуд аст.

Хотиррасон бояд шуд, ки дар чор моҳи соли 2017 дар вилояти Хатлон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 683,4 миллион сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,9 фоизро ташкил медиҳад.

Кишоварзони ин вилояти аграрии мамлакат ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ соли равон тибқи маълумотҳои фаврӣ дар майдони 297,2 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳории зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд, ки 100,6 фоизи дурнаморо ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳазор гектар зиёд мебошад. Инчунин соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 90 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад.

Бо мақсади захираи дусолаи ғалла дар майдони 137,5 ҳазор гектар ғалладонагиҳо, аз он ҷумла 122 ҳазор гектар гандум кишт карда шудааст, ки иҷрои дурнамои он ба 103 фоиз баробар мебошад.

 Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон дар майдони зиёда 120 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9416 гектар зиёд мебошад.

 Ҳамзамон дар қаламрави вилоят дар майдонҳои нисбат ба солҳои гузашта зиёд кишти зироатҳои техникӣ, полезиҳо, сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шудааст, ки аҳли заҳмат имрӯзҳо ба коркарди заминҳо ва ҷамъоварии ҳосили дилхоҳ машғул мебошанд.

Дар вилоят ҳамчунин ба масъалаи танзими кори гармхонаҳо ва вусъат бахшидани фаъолияти боғу токпарварӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир бахши хусусӣ дар соҳаи кишоварзӣ фаъолу пурмаҳсул гардида, дар баробари хоҷагиҳои камшумори давлатӣ дар таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар саҳми намоён мегузоранд. Дастовардҳои рӯзафзуни кишоварзони вилоят, ки дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа нақш мегузорад, асосан натиҷаи таъкидҳои пайваста ва супоришҳои қатъии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди бахшҳои чорводорӣ, зироаткорӣ, боғутокпарварӣ, моҳию паррандапарварӣ ва пурсамар истифода бурдани заминҳои кораму заминҳои обӣ тавассути кишти такрорӣ ва рӯёндани ду ва зиёда ҳосил мебошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520