Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

09.06.2017 09:40, Қазоқистон

Дар ҳошияи баргузории Иҷлосияи навбатии Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои мунисбатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Чин дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардид.

Аз сатҳи ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлат ва муколамаи созандаи сиёсии дуҷониба дар давоми 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими муносибатҳои стратегию шарикиро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Ба рушду тавсеи бештари ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ мароқ зоҳир карда, ҷонибҳо таъкид бар он доштанд, ки ҳарду давлат дар роҳи таҳкими муносибатҳо дар соҳаҳои мазкур тадбирҳои зиёду муассир анҷом додаанд.

Барои тақвияти ҳамгироӣ дар соҳаи низоми бонкию молиявӣ ва саҳмгузорӣ дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои таббиӣ дар Тоҷикистон, мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторию нақлиётӣ, аз ҷумла таъсиси камарбанди иқтисодӣ дар атрофи Роҳи бузурги абрешим, оғози сохтмони қисматии Тоҷикистонии лӯлаи гази минтақавии Чин-Осиёи Марказӣ ва роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон таклифу пешниҳодҳои судманд баён карда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамдастии байнидавлатӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияту субботи сартосарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ шуд.

Дар анҷоми мулоқот Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки дар наздиктарин фурсат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оваранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520