Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярто

28.06.2017 13:42, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярторо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Венгрия мақоми муҳим дошта, 25 сол боз дар сатҳу зинаҳои барои ҳарду ҷониб судманд идома доранд.

Дидору вохӯрии имрӯза имконияти мусоид барои баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Венгрия арзёбӣ шуд.

Аз сатҳи робитаҳои сиёсии Тоҷикистон ва Венгрия изҳори қаноатмандӣ карда, ҳарду ҷониб барои идомаи бобарори ҳамгироӣ дар доираи СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Ҷонибҳо хостгори тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, технологияи инноватсионӣ, маориф, тандурустӣ, фармасевтӣ ва фарҳанг гардида, дар оянда таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ба роҳ мондани робитаи мустақими доираи соҳибкорону тоҷирон, таъсиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо ва металл, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва сохтмонӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи туризмро муҳим шумориданд.

Ба нақш ва пешоҳангии Тоҷикистон дар истифодаи захираҳои обӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об баҳои баланд дода шуд ва таҳкими робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Венгрия дар доираи узвияти ҳар ду давлат дар Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои марбут ба об таъкид гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои марбут ба таъмини амнияту бехатарӣ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ баррасӣ шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520