Мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ басо судманд ҷараён гирифт.
Аз сатҳи баланд ва пайвастагии робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Баррасии чораҷўиҳо доир ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд.
Дар ин росто густариши ҳамкории бисёрҷониба, хусусан дар чаҳорчўби «Чаҳоргонаи Душанбе», яъне давлатҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия судманд маънидод карда шуд.
Бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук ва хўрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва кимёвӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ ва ҳамкориҳои илмию техникии миёни Тоҷикистону Покистон дорои дурнамои судбахш арзёбӣ гардид.
Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин доир ба мусоидат ба таҳкими амнияту субот дар минтақа ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Истамбул бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот намуд.