Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи расмии пули азими миёни Тоҷикистону Афғонистон ба мавзеи Панҷи Поён

26.08.2007 16:00, ноҳияи Панҷ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳайати расмии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи расмии пули азими миёни Тоҷикистону Афғонистон ба мавзеи Панҷи Поён сафар карданд.

 Аз субҳи барвақт ба мавзеи Панҷи поён аз ҳарду ҷониби пули азими болои дарёи Панҷ, ки дарозиаш 672 ва паҳноияш 11 метрро ташкил медиҳад, мардуми шукргузори тоҷику афғон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи расмии пул ҷамъ омада буданд. Ду ҷониби дарёи Панҷ дар ин мавзеъ як базмгоҳи бошукӯҳи шоҳонаро мемонд.

 Расо соати 8:30-и субҳ чархболи меҳмонони олимақом бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳайати расмии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин базмгоҳи бошукӯҳ ташриф овард.

 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони олимақомро дар наздикии пули нави миёни Тоҷикистону Афғонистон Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат Амиршо Миралиев, Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири нақлиёт ва коммуникатсия Абдураҳими Ашӯр, Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал, сафирони фавқулодда ва мухтори Афғонистону Амрико дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмию аҳли ҷамоатчигии ноҳияҳои атроф дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

 Дар назди анбӯҳи зиёди мардуми ҷамъомада Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ба охир расидани сохтмон ва мавриди истифода қарор гирифтани ин пули азимро баёнгари нерӯи бузургу созандаи мардумони Тоҷикистону Афғонистон ва шарикону ҳамкорони ҷаҳонии мо дар ин марҳалаи таърихӣ маънидод кард.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мутахассисону саҳмгузорони ҷониби Амрико ва дигар кишварҳо барои анҷоми босифати сохтмони пул арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки дар ин мавзеъ минтақаи озоди иқтисодӣ, сармоягузорию тиҷоратӣ ва шаҳраки муосиру пешрафта бунёд мегардад ва изҳори боварӣ намуд, ки пайванди Панҷи Поёни Тоҷикистон ва Шерхон- Бандари Афғонистон ба нуқтаи бузурги транзити минтақавӣ ва равобити савдоӣ табдил меёбад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки пули Панҷи Поён бояд пули меҳру самимият, амали нек ва созанда гардад ва аз ҳар гуна аъмоли нораво бахусус, қочоқи инсон, маводи мухаддир, силоҳ қатъан пешгирӣ карда шавад.

 Дар суханронӣ зикр гардид, ки бунёди ин пул идомаи ҳамаи он тадбирҳое аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо кишварҳою созмонҳои мададрасон дар роҳи раҳоӣ додани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба дигар ҳадафҳои стратегӣ амалӣ мегарданд.

 Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай аён гашт, ки ӯ низ ин рӯйдодро дорои аҳамияти калони минтақавӣ ва натиҷаи намоёни ҳамкории босамари Тоҷикистону Афғонистон ва Амрико маънидод мекунад.

 Вазири савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Карлос Гутйеррес аз номи Президенти кишвараш Ҷорҷ Буш Сарварони Тоҷикистону Афғонистон ва мардуми ду кишварро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрику таҳният гуфта, онро қадами муҳимми муштараки се кишвар дар роҳи густариши робитаҳои мустақими минтақавӣ ва ба ҳаёти осоиштаю рушди иқтисоду тиҷорат ҷалб намудани мардуми азияткашидаи Афғонистон арзёбӣ намуд.

 Баъди анҷоми суханронии Сарварони Тоҷикистону Афғонистон ва меҳмони олимақоми Амрико онҳо ҷиҳати ифтитоҳи расмии пул сӯйи он равон шуданд. Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва Вазири савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Карлос Гутйеррес лентаи рамзӣ бурида шуд ва бо ин пули азими болои дарёи Панҷ расман ба фаъолият шурӯъ намуд.

Аз ҷониби мутахассисону масъулон зикр гардид, ки ин пул ба заминҷунбию обхезиҳои шадид тобовар буда, дар як рӯз метавонад гузашти 1000 мошинро таъмин намояд. Пули мазкур дар муддати 19 моҳ аз ҷониби 450 нафар коргарону мутахассисони баландпояи Тоҷикистону Афғонистон, Амрикою Италия ва намояндагони бисёр кишварҳои дигар бо сифати баланд бунёд ёфтааст.

 Аз ҳарду ҷониби дарё дар байни анбӯҳи мардум ҳамчунин намояндагони зиёди аҳли зиё ё худ шоирону нависандагон, олимону таърихнависон ва шумораи калони хабарнигорон ҳузур доштанд. Аз хотир интизор меравад, ки иштирок ва таассуроти гарми онҳо боиси эҷод гаштани хабару гузоришҳои сершумор ва асарҳои адабию таърихӣ мегардад.

Хурсандии мардуми ҳарду ҷониби дарёро аз ин рӯйдоди фараҳбахш ҳадду канор набуд.

Ҷамъомади тантанавии бахшида ба ифтитоҳи пули азими миёни Тоҷикистону Афғонистон бо консерти бошукӯҳи устодони санъати ду кишвари дӯсту ҳамсоя дар рӯҳияи баланди созандагӣ ва бо табъи болида ба поён расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520