Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти сеҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон Ҳомид Карзай ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

25.08.2007 17:00, шаҳри Душанбе

Дар қароргоҳи Ҳукумати мамлакат мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳайати расмии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гашт.

Дар мулоқот доираи васеъи масоили ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ва Амрико ва ҳамчунин равобити минтақавии байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз анҷом ёфтани сохтмони пули Панҷи Поён изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуд, ки он бояд ба рушди тиҷорати дуҷонибаю минтақавӣ ва умуман равобити миёни мо такони тоза бахшад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки ифтитоҳи пулҳои қаблан байни Тоҷикистону Афғонистон бунёдёфта ба болоравии тиҷорати миёни ҳар ду кишвар боис шуд. Тибқи маълумоти ў соли 2006 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба аз 25 миллион доллари амрикоӣ гузашт, ки ин назар ба нишондиҳандаи соли 2005 61,2 % зиёд аст. Дар шашмоҳаи аввали соли равон боз зиёда аз 32 фоиз афзоиш ёфтани ин нишондод натиҷаи назаррасу умедбахш маънидод гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ифтитоҳи ин пули азим ҷаҳиши бузургеро дар густариш ёфтани равобити минтақавӣ таъмин месозад.

Дар мулоқот андешаҳои худро роҷеъ ба масоили ҳамкории сеҷониба ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва Вазири савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Карлос Гутйеррес баён карданд.

Ҷонибҳо ба масоили барқарорсозии баъдиҷангии иқтисодиёту иҷтимоиёти Афғонистон ва ба ҳаёти осоиштаю меҳнати бунёдкорӣ сафарбар кардани мардуми ин кишвар таваҷҷўҳи хос зоҳир намуданд. Онҳо дар амал татбиқ гаштани лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистонро дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёту коммуникатсия, бунёди хатҳои минтақавии интиқоли нерўи барқ ва дигар нақшаю барномаҳоро нишона аз омодагии устувор ва саҳмгузории мушаххаси кишвари мо дар ин ҷода маънидод карданд.

Қобили таъкид аст, ки аз ҳар се ҷониб оид ба ҳамаи масоили баррасишуда назари ягона ва ё ба ҳам наздик баён гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520