Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи пули "Панҷи Поён - Бандари Шерхон"

26.08.2007 15:00, ноҳияи Панҷ

Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай,
Раиси Ҷумҳури Исломии Афғонистон!
Ҷаноби Вазир Карлос Гутйеррес!

Дӯстони гиромӣ!

Тавре Шумо хуб дар ёд доред, расо ду сол қабл мо ба бунёди пули бузурги дӯстӣ расман оғоз намудем, ки он ҳадафи волои таърихӣ дошт.

Ва он таҳкими шикастнопазири пайвандҳои таърихии мардумони ду кишвари дӯст ва ҳамсоя, таъмини сатҳи нави ҳамкории минтақавӣ ва байниминтақавӣ ва густариши равобит бо кишварҳои пешрафтаи Шарқу Ғарб, бахусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.

Имрӯз возеҳ аст, ки роҳҳои нақлиётӣ, пулҳо ва васоили дигари иртиботӣ мисли шоҳраг ва пайвандҳои узвҳои инсон иқтисод ва нерӯи умумии кишварҳоро таҳким ва тақвият мебахшанд. Аслан ин таърихан саҳеҳ аст.

Масалан, рушди "Роҳи Абрешим" омили пешрафту тараққиёт ва таназзули он сабабгори коҳиши ҷиддии иқтисод ва равобити ҳамкории кишварҳои мо будааст.

Нақши роҳҳои бузурги байниминтақавӣ ва байналмилалӣ дар шароити хоси оғози асри XXI, ки равобити ҳамаҷонибаи минтақаҳои бузурги дунё амиқан густариш меёбад, босуръат боло меравад.

Ин амр барои кишварҳои мо имкони бузург ва матлуби таърихӣ фароҳам намудааст.

Тоҷикистон ва Афғонистон дар қалби қитъаи бузурги Осиё ҷой гирифта, чорроҳии пайванди минтақаҳои бузурги дунё мебошанд. Ин амр тақозо менамояд, ки мо муассисоти бузург ва сатҳи муосири инфраструктурӣ, қабл аз ҳама, роҳҳо, пулҳо, нақбҳо (туннелҳо) созем.

Тавре Шумо огоҳед, мо дар кишвари худ навсозии тамоми роҳҳои миллӣ ва дорои аҳамияти байналмилалиро муваффақона идома медиҳем. Ҳамзамон нақбҳои Шаҳристон ва Шаршар дар ҳоли сохтмон буда, бунёди нақби Чормағзак оғоз хоҳад шуд. Василаҳои дигари инфраструктурӣ сохта мешаванд.

Дар кишвари бародари Афғонистон низ чунин барномаҳои созандагӣ амалӣ мешаванд.

Дар чунин шароит Шоҳпули Дӯстӣ кишварҳои моро пайванди ниҳоят матлуб хоҳад бахшид. Зиёда аз он ҳамроҳ бо пулҳои дигари марзи ду кишвар омили рушди босуръати ду кишвар хоҳад гардид.

Он имкон медиҳад, ки:

Аввалан. Ҳарду кишвар молҳои зарурии худро хеле осон ва бо масрафи ниҳоят кам дастрас намоянд. Ин амр бахусус барои минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Дуввум. Ҳамкории ниҳодҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ густариш хоҳад ёфт.

Саввум. Аз тариқи ин пули бузург ҳар шабонарӯз 1000 мошин гузашта барои бозсозии Афғонистон мусоидати зарурӣ хоҳад бахшид.

Муҳимтар аз ҳама имкони он муяссар аст, ки дар ояндаи наздиктарин маркази бузурги тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, молиявӣ ва техникӣ эҷод шавад.

Ин марказ бар асоси принсипҳои фаъолияти озоди иқтисодӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд хоҳад шуд.

Роҳи нави мошингард бунёд шуда истодааст. Хатҳои интиқоли барқ низ дар оянда сохта мешаванд.

Ин мавзеъ бисёр зебо ва дорои имконоти зиёд аст. Ва мо тасмим дорем то шаҳраки зебо ва муосир бунёд намоем. Зарур аст ҳам шаҳрак ва ҳам минтақаи бузурги иқтисодӣ бо дарназардошти дастовардҳои навтарин ва шароити ниҳоят мусоид ва имтиёзии фаълият бунёд шаванд.

Ин пули бузург аҳамияти возеҳи байниминтақавӣ дорад. Он қабл аз ҳама имкон медиҳад, ки Тоҷикистон аз роҳи кӯтоҳтарин ба минтақаҳои босуръат-рушдёбандаи Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ ва бандарҳои ниҳоят мусоиди баҳрҳои гарм пайванди доимӣ ёбад.

Ва ин қадами ниҳоят муҳим дар роҳи раҳоӣ ёфтани Тоҷикистон аз бунбасти нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ мебошад.

Ҳамзамон кишвари бародари Афғонистон ва бахусус ниҳодҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии он метавонанд аз роҳи мусоидтарин ва иқтисодитарин вориди бозори бузурги Осиёи Марказӣ, Чин ва Русия гарданд.

Мо бояд уфуқҳои навинро дар ин арса мадди назар гирем. Зарур аст аз ҳоло барномаҳои бунёди роҳҳои оҳан, хаттҳои баландшиддати барқ таҳия ва амалӣ шаванд. Дар он сурат нақши транзитӣ ва стратегии Тоҷикистон ва Афғонистон ҷиддан боло хоҳад рафт.

Татбиқи онҳо имкон медиҳад то ба бунёди объектҳои бузург ва стратегӣ, қабл аз ҳама сохтмони нерӯгоҳҳо ва истихроҷу коркарди захираҳои азими сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга ва минералҳои гуногун фаъолона оғоз намоем.

Ин пул рамзи возеҳи дӯстӣ ва ҳамкории созанда ва ояндадор аст. Он бо маблағи грантӣ ва мусоидати техникии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар сатҳи баланд анҷом гирифт.

Мо аз ҳусни ният, мавқеи созанда ва мусоидати дӯстонаи роҳбарӣ ва мардуми Иёлоти Муттаҳида ибрози сипос менамоем.

Ин барномаи дӯстӣ худ возеҳ месозад, ки нерӯи ҳамкории созанда ва мутақобилан судманди се кишвар бузург аст ва он бояд мавриди рушду густариши минбаъда қарор гирад.

Чунин ҳамкорӣ бидуни шак ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа ва беруни он, амният, субот ва пешрафт мебошад.

Ҳамзамон зарур медонам сипоси хешро ба ҳамаи кормандони ширкати итолиёӣ, ки бунёди пулро бо суръати матлуб ва сифати баланд ба анҷом расониданд, изҳор намоям. Мо барои саҳмгирӣ дар бунёди ин иншооти муҳим аз кишварҳои дигар низ, аз ҷумла Норвегия миннатдор ҳастем.

Минтақаи бузурги таърихии мо - Осиёи Марказӣ сарфароз аз захираҳои азими табииву гидроэнергетикӣ - об, барқ, газ ва нафт мебошад. Истифодаи оқилонаи онҳо танҳо бо мусоидату ҳамкориҳои муштарак дар муддати нисбатан кӯтоҳ имконпазир аст. Ва он ба нафъи пешрафти умумӣ аст.

Ба таври мисол сохтмони ҳамагӣ чанд нерӯгоҳ ва хатти барқ дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ниёзҳои ҳаётии кишварҳои минтақа ва ҳатто Осиёи Ҷанубӣ бо барқи арзон таъмин гарданд.

Иловатан, мо қодир хоҳем шуд захираҳои ҳаётии обро оқилона танзим намоем, садҳо ҳазор гектар заминро обёрӣ ва беҳсозӣ намоем, садҳо коргоҳҳо ва муассисоти нав бунёд созем, ба пешрафти чашмгири кишварҳои худ ва минтақа ноил шавем.

Дӯстони азиз,

Мавзеи мазкур аз гаҳвораҳои тамаддуни бостонии мост.

Омӯ ё Охшо аз қаъри таърих кишварҳои моро шодоб менамуд ва моро пайванд мебахшид.

Ҳарчанд, ки он бо табиати саркашу амвоҷи пуртуғёнаш монеаи азиме менамуд, ҳанӯз ҳазор сол муқаддам Одамуш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ёди ёри меҳрубон намуда суруда буд:

***

Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ,
Хинги моро то миён ояд ҳаме,

***

Имрӯз, ки мо Шоҳпули Дӯстӣ бунёд намудем, беш аз ҳарвақта он мушкили рафтуои наздикону азизонро осон намуда, қалбҳоро ба ҳам мепайвандад ва ҳалқаи васли ногусастании кишварҳо ва мардумони мо мегардад.

Таҳкими дустӣ ва ҳамкорӣ панди ниёгони бузурги мо буд.

Ин дӯстиву ҳамкорӣ поянда бод!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520