Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

10.12.2010 14:00, Русия

Нимаи якуми рўзи 10 – уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуд.

Бояд ёдовар шуд, ки ба ин созмон давлатҳои Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон аъзо мебошанд.

Дар ин ҳамоиш масоили густариши ҳамкорӣ баҳри таҳкими амният дар қаламрави масъулияти СААД, татбиқи қарорҳои қаблан қабулшуда, аз ҷумла доир ба ташкил ва тақвияти минбаъдаи нерўҳои муштараки зудамал, расондани кўмакҳои ҳарбӣ-техникӣ ва муайян намудани механизми қабули қарорҳои якҷоя оид ба бартараф кардани ҳолатҳои бўҳронӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона дар кишварҳои аъзои созмон баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ изҳор дошт, ки «Тоҷикистон тадбирҳои СААД-ро доир ба таъмини амнияти дастаҷамъӣ натанҳо дастгирӣ менамояд, балки дар ин кори муҳим саҳми намоён мегузорад».

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла масъалаи ташкил намудани механизми универсалии вокуниши фаврӣ ба хатарҳои имрўза ва дар муддати кўтоҳ бартараф кардани онҳоро дастгирӣ намуда, таъкид дошт: «пешбинӣ ва пешгирии рушди ҳолатҳои бўҳронӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона бояд аз вазифаҳои асосии СААД бошад». Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «дар чаҳорчўби СААД механизми машваратҳои фаврии сиёсӣ бояд ҳамеша фаъол бошад».

Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷўҳи зиёд ба таҳкими ҳамгироӣ дар таъмини амнияти иттилоотӣ зоҳир намуда, аз ҷумла изҳор дошт: «Тоҷикистон ҷонибдори устувори муқовимати муштарак бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ мебошад». «Такмил додани қонунгузорӣ вобаста ба таъмини амнияти иттилоотӣ бояд аз самтҳои афзали фаъолияти муштарак дар доираи СААД гардад», - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва пешгирӣ аз хатарҳои аз ин кишвар паҳншаванда, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир низ аз мавзўъҳои асосии суханронии Эмомалӣ Раҳмон буд. Ба иттилои ў, «дар зарфи 10 соли охир аз ҷониби сохторҳои марбутаи Тоҷикистон зиёда аз 68 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки беш аз 30 тоннаи онро героин ташкил медиҳад». «Ин рақамҳо гувоҳӣ онанд, ки садҳо миллион доллар ба дасти қочоқчиёну террористон нарасид ва ҳаёти даҳҳо миллион одамон наҷот дода шуд», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Бо ёдоварӣ аз ин мисолҳо Сарвари давлати Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки СААД фаъолияти худро дар ин самт тақвият мебахшад. Изҳори умед карда шуд, ки «кўмаки воқеии ҳарбӣ-техникӣ ба кишвари мо бо роҳи ҷудо намудани техникаю таҷҳизоти махсус ва лавозимоти ҳарбӣ, интиқоли имтиёзноки борҳо ва омодасозии кадрҳо афзун мегардад ва қарорҳои нави қабулшуда ба таҳкими минбаъдаи амнияту суботи минтақавӣ мусоидати фаъол менамоянд».

Ҳамин тариқ қабули «Изҳорот дар бораи нерўҳои посдори сулҳи СААД», «Низомнома дар бораи тартиби вокуниш ба ҳолатҳои бўҳронии СААД», ворид намудани тағйиру иловаҳои вобаста ба ин мавзўъҳо ба Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва оинномаи созмон аз натиҷаҳои арзишманди ин ҳамоиш гаштанд.

Ҷамъ дар ин ҳамоиш доир ба 34 масъалаи мубрами вобаста ба фаъолияти СААД қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520