Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар соҳаи судии кишвар, аз ҷумла дар Шўрои адлия ва судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъин шудаанд, барои сўҳбат ба ҳузур пазируфт.
Нахуст фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаҳо таъин шудани онҳо қироат карда шуд.
Амирхон Исҳоқов Муовини аввали раиси Шўрои адлияи мамлакат, Мавлуда Қаландарова Муовини раиси Шўрои адлия, Искандар Давлатов Раиси суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Шодихон Назаров Муовини раиси суди вилояти Суғд ва 15 нафари дигар ба вазифаҳои раиси суд ва судя дар шаҳру ноҳияҳо таъин карда шуданд.
Зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳи онҳоро бештар ба мубориза бо коррупсия дар ҳамаи қишрҳои ҷомеа, ба тарбияи кадрҳои ҷавон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ҷалб намуда, доир ба ин ва дигар масоили ҳалталаб дастуру ҳидоятҳо дод. Аз онҳо ҳамчунин талаб карда шуд, ки вазифаҳои худро бо масъулияти баланди касбӣ, дасту дили пок, нияти нек ва бо садоқат ба халқу ватан ва давлату ҳукумати хеш иҷро намоянд.