Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои шуъбаи таваллудхона дар ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон

27.07.2017 09:50, ноҳияи Балҷувон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар расми ифтитоҳи бинои шуъбаи таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии рақами 2-и ҷамоати деҳоти Сари Хосор иштирок намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2016 оғоз гардидаанд ва дар ин муддат шуъбаи таваллудхона бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд карда шудааст.

Бино аз 9 утоқи ташхису табобат ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, дорои беҳтарин шароити хизматрасонии тиббӣ мебошад. Утоқҳо бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла дастгоҳи сабти барқии дил, ултрасадо ва дигар лавозимоти тиббӣ барои бемориҳои занона муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Барои харидории дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ дар таваллудхонаи Сари Хосор бештар аз 300 ҳазор ва дар корҳои сохтмонии иншоот 1 млн. 200 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити хизматрасонии таваллудхона ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, табибонро ба хизмати софдилона ва аз таҳти дил даъват намуданд.

Тавре маълум гардид, иншооти мазкур бо маблағгузории соҳибкори ватандӯст Рустам Саидов бунёд гардидааст. Корҳои бунёдгарӣ аз тарафи ширкати «Евро-стандарт» ба анҷом расонида шудаанд.

Дар таваллудхонаи навбунёди ҷамоати деҳоти Сари Хосор 15 нафар табибони дорои тахассуси гуногун бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи чунин таваллудхонаи замонавӣ дар маркази ҷамоати деҳоти Сари Хосор ба кормандони он як адад автомобили ёрии таъҷилӣ туҳфа карданд, ки аз тарафи мардуми саодатманди ҷамоат бо изҳори миннатдорӣ, самимияти бепоён ва хушҳолии беандоза пазируфта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520