Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиёни вилояти Хатлон

04.08.2017 10:14, ноҳияи Шаҳритус

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиёни вилояти Хатлон мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, талошҳову тадбирҳои Ҳукумати кишвар бобати беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум андешаронӣ карда, аз сатҳи рушди бонизоми иқтисодиёти ҷумҳурӣ, пешрафти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки то имрӯз дар доираи барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус даҳҳо лоиҳа ба маблағи 55 миллион сомонӣ амалӣ гардида, қариб 70 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Аз соли 2006 то ба ҳол барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он аз буҷети давлат 350 миллион сомонӣ ҷудо гардида, илова бар ин, 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 63 миллион сомонӣ татбиқ шудааст ва азхудкунии маблағҳо дар доираи 6 лоиҳаи дигар идома дорад.

Танҳо дар 10 соли охир аз  ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Қубодиён қариб 450 миллион сомонӣ равона гардида, 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шудааст ва 5 лоиҳаи дигар дар ҳоли амалисозӣ қарор дорад.

Илова бар ин, дар се соли оянда аз буҷети давлат барои соҳаҳои иҷтимоӣ, бахши кишоварзӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои дохилӣ ва дастгирии буҷети маҳаллӣ 184 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020 амалисозии 103 лоиҳа ба маблағи умумии 109 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба андешаи Сарвари давлат бунёд гардидани корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти муосир, роҳу пулҳои нав ва муассисаҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ далели рушди устувори ноҳия ва натиҷаи саъю талоши мардуми заҳматдӯсти он мебошанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён дар соҳаи азхудкуниву истифодаи замин ва умуман, пешбурди соҳаи кишоварзӣ, хусусан, пахтакорӣ ёдовар шуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳои дахлдор, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён бобати иҷрои босамари супоришҳои ҳукумат, татбиқи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ дастурҳои муфид доданд.

Зимни баромади худ сокинони ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён намояндагони касбу кори гуногун ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи дастгириҳо ва талошҳои шабонарӯзӣ бобати фароҳам овардани шароити зиндагии ободу осоишта ва сазовор, изҳори сипос карда, татбиқи саривақтии қонунҳои миллии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро амри зурурӣ ва воқеӣ арзёбӣ намуданд.  

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520