Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки осиёии рушд Сяоу Жао

03.12.2010 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки осиёии рушд Сяоу Жаоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар солҳои ҳамшарикӣ Бонки осиёии рушд 372 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок, 35 миллион кўмаки техникӣ ва 284 миллион доллари амрикоӣ грантҳо ҷудо намудааст. Тибқи стратегияи нави шарикии панҷсолаи Бонки осиёии рушд бо Тоҷикистон, ки моҳи майи соли 2010 қабул шуд, дар 3 соли аввали он ба кишвари мо 252 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда мешавад, ки аксари онро грантҳо ташкил медиҳанд. Ин маблағҳо ба татбиқи лоиҳаҳо дар сохтмон ва навсозии роҳҳои оҳану мошингард, таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди бахши хусусию ҳамкории минтақавӣ равона мегарданд. Танҳо дар соли 2011 бояд 165 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда шавад.

Сяоу Жао аз пешрафтҳои Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, омодагии Бонки осиёии рушдро ба идома ва густариши минбаъдаи шарикӣ бо кишвари мо таъкид намуд.

ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки ба ҳамкорӣ дар татбиқи барномаю лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту роҳсозӣ бо фарогирии Афғонистону Покистон бояд афзалият дода шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520