Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристгоҳи нави 220\110\10 киловаттаи «Геран-2»

17.08.2017 07:31, ноҳияи Ҷайҳун

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Сарвари давлатро дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Пешвои маҳбуби худ, роҳбарияти ноҳия, фаъолону собиқадорон, ҷавонони ватандӯст ва аҳли илму фарҳанг бо самимияти беандоза истиқбол намуданд.

Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристгоҳи нави 220\110\10 киловаттаи «Геран-2» иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи мазкур дар доираи лоиҳаи «Минтақавии интиқоли неруи барқ» дар асоси Созишномаи грантӣ, ки 16 сентябри соли 2010 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё ба имзо расидааст, бунёд гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохили бинои идоракунӣ ва назоратӣ бо пахши тугма ба фаъолияти ин иншооти азими энергетикии мамлакат оғози расмӣ бахшиданд.

Дар зеристгоҳи нави «Геран-2» бинои идоракунии назоратӣ бунёд гардидааст, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳамаи дастгоҳҳои зеристгоҳ тавассути технологияи компютерӣ идора ва назорат карда мешаванд.

Зикр гардид, ки мақсади асосии сохтмони зеристгоҳи нави «Геран-2», ин пеш аз ҳама, васеъ ва таҷдид намудани системаи интиқоли барқи қисмати ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои савдои минтақавии неруи барқ мусоидат менамоянд.

Аз тарафи дигар ин иншооти муосир дар паст кардани талафоти қувваи барқ ва беҳтар кардани эътимоднокии таъминоти барқ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини ин зеристгоҳ, ки бо технологияи пешрафтаи ширкатҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ба он баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи нави «Геран-2»-и ноҳияи Ҷайҳун дар майдони 7 гектар доман густурда, барои бунёди он дар маҷмӯъ беш аз 21 миллиону 500 ҳазор доллар сарф шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти барқӣ дар зеристгоҳи нави «Геран-2» аз ҷониби Консорсиуми «Алстом-Генсер» ва зерпудратчиёни лоиҳа-ҷамъиятҳои дорои масълияти маҳдуди «Интеграл», «Тоҷиккурортстрой» ва «Барқсоз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бо сифати баланд амалӣ гардид.

Тибқи шартнома таҷҳизот аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Франсия, Италия, Туркия, Чин ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид гардида, дар корхонаҳои истеҳсолкунанда пурра аз санҷиши техникӣ бо муваффақият гузаронида шудаанд.

Ду хати интиқоли барқи 220 (кВ) киловолтаи зеристгоҳи нави «Геран-2» бо Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда 1» ва як хати интиқоли барқӣ 220 (кВ) киловолта бо зеристгоҳи «Колхозобод» пайваст мебошанд.

Хати интиқоли барқи дузанҷираи 220 кВ ва як хати интиқоли барқи 110 кВ неруи барқ аз зеристгоҳи нави «Геран-2» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон неруи барқи истеҳсоли ҷониби Тоҷикистонро содирот мекунанд.

Таъкид шуд, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур эътимоднокии таъминоти барқ ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Румӣ бештар хоҳад гардид.

Баъди дидани имконияти зеристгоҳи замонавӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони собиқадору ҷавони шабакаҳои барқи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон суҳбати озоду созанда доир намуд.

Сардори давлат кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаю содиқона ва истифодаи дурусти ин технологияи муосир ҳидоят карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520