Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши озодибахши Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Зо Чен

28.08.2017 14:54, шаҳри Душанбе

Ҳамчунин имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши озодибахши Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Зо Ченро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои амниятӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистон ва Чин, ки меҳвари муносибатҳои дуҷонибаро ташкил медиҳанд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муҳимияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ таъкид гардида, тақвияти ин ҳамдастӣ ба манфиати тамоми давлатҳои минтақа арзёбӣ шуд.

Тавре таъкид гардид, ҳамкориҳо дар ин самт дар сатҳи зарурӣ идома доранд, вале новобаста ба ин давлатҳо бояд ба муқобилияти фаврӣ бар зидди зуҳуроти наву номатлуби характери минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта омода бошанд.

Ҳарду ҷониб барои тақвияти ҳамгироӣ ва мусоидати фаъол дар ҳалли қазияи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён дошта, омодагию ҳавасмандии худро барои таҳкимбахшии иқтидорҳои марзбонӣ дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки аҳамияти рӯзмарра дорад, таъкид намуданд.

Дар мулоқот масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ, ки дар меҳвари сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ қарор доранд, баррасӣ шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520