Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.08.2017 17:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Ҳисоботи раиси шаҳри Турсунзода оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» шунида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳри Турсунзода ҷиҳати татбиқи пурраи муқаррароти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани рафти корҳои бунёдкорию созандагӣ, кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосил, ҳалли саривақтии мушкилоти мардум ва дигар масъалаҳои рӯзмарра дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар идомаи кори маҷлис лоиҳаи як қатор қонунҳои мамлакат, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ва хулосаи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонунҳои алоҳида ва кодексҳо муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Сипас ба баррасии аъзои ҳукумати мамлакат масоили вобаста ба Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маркази ноҳия-деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод, Нақшаи генералии деҳаи Мурғоб – маркази ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Нақшаи генералии шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, Нақшаи генералии деҳаи Ҷиликӯл – маркази ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, Нақшаи генералии деҳаи Ховалинг – маркази ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарифҳои неруи барқ ва гармӣ пешниҳод гардид.

Дар анҷоми кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои таъмини иҷрои муқаррароти қонунҳои амалкунанда, қарору фармоишҳои Ҳукумат ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ, кишти такрорӣ, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи оғози соли нави хониш ва ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520