Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн) Лу Шан

02.09.2017 06:02, Чин

Дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи чинӣ мулоқотҳои судбахш анҷом доданд.

Дар шаҳри Пекин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн) Лу Шанро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои роҳсозӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин доир ба сохтмон ва навсозии роҳҳои мошингарди Тоҷикистон баҳои арзанда доданд.

Ёдовар мешавем, ки бо иштирок ва маблағгузории ширкат дар Тоҷикистон лоиҳаҳои калони сохтмони роҳи байналмилалии “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” бо нақби Шаҳристон ва қисмати “Душанбе-Данғара”-и шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хорӯғ-Кулма-Қароқурум” бо нақби Чормағзак бо сифати ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин доир ба дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла дурнамои ҳамкорӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520